arzon replenishment
КЕЛИНИ ҶОДУГАР ХУШТОМАНАМРО ГАДО КАРД
02.05.2021
Оила
4017

Келини ҷодугар хушдоманро гадо кард
Тақдири баду қисмати талх ва рӯзи сахту сиёҳ маро маҷбур кард, ки қалам ба даст гирифта, саргузашти бисёр сангинамро иншо намоям. Кампири 78-солаам. Дар бисотам танҳо як писару ду духтар дорам. Писарам марди меҳнатист, шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта ҷон мекоҳонад, то чархи аробаи зиндагиро ба пеш тела диҳад, вале духтари бероҳае сари бачаи содаи маро тоб дода, ба домаш андохт. Ин духтари шаттоҳ бо сеҳру ҷоду писарамро ончунон ба худаш гарм кард, ки дигар ягон чора наёфта, келинаш кардем. Аз рӯзи аввали ба хонадони мо қадам ниҳодашан келин нозу нузро сар кард. Ҳамроҳи мо нишаста хӯрок намехӯрд, сӯҳбат намекард, дасташро ба ягон кору бори хона намезад. Ақлаш медаромадагист гуфта, ба ҳама қилиқҳояш тоқат мекардам. Ҳамин хел писарам бо зани ҷодугараш шаш моҳ зиндагӣкард, вале келин ҳеҷ дилу нияти ислоҳ шудан надошт. Ба духтаронам мегуфтаст, ки акаатон бо доираи ман рақс мекунад, ҳозир мур гӯям, мемурад. Ҳақиқатан ҳам писарам зери таъсири ҷоду монда, ғуломи ҳалқабаргӯши занаш гашта буд, ҳар бегоҳ пас аз кор бо ҳамсараш дастобадаст намуда ба тарабхонаҳо хӯрокхӯрӣмерафт ва ақаллан барои тасаллои диламон намепурсид, ки мо, модару хоҳаронаш серем ё гурусна, мурдаем ё зинда. Дилу ҷигари ману духтаронам хун мешуд аз нағмаҳои келин, вале чизе намегуфтем, то зиндагиашон вайрон нашавад. Болои ин ҳама келини шаттоҳам ба писарам гуфтааст, ки хоҳаронат дилу ҷигарамро хӯрданд, модарат ҳам ба ҷонам задааст, рӯзе нест, ки саг барин ҷак-ҷак накунад. Ба ҳамин баҳона келини аз дину диёнат ва дунёву охират бохабари қуръонхонам яккаписарро аз модараш ҷудо карда, ҳамроҳи шавҳараш ба хонаи алоҳида кӯчид. Келини бибиотунам маҷбур кард, ки хонаи сеҳуҷрагиро фурӯхта пулашро тақсим кунем. Ба хотири аз ин балои дупо халос шудан ба ҳама шарту талабаш розӣшуда, манзиламонро фурӯхтем ва ду хонаи алоҳида харидем, вале келини шаттоҳ ором нашуд. Писари пулдорам аз тарси занаш ба ман, ба модари зораш, ки бо ранҷу азобҳои алим ӯро ба камол расонидааст, як тини пучак ҳам намедиҳад. Маҷбур шуда дар кӯчаҳо гадоӣмекунам, то аз гуруснагӣнамирем. Акнун келини аз гӯру қиёмат бохабарам ба хонаи якҳуҷрагии мани кампир, ки ҳамроҳи духтари кенҷагии беморам дар ин ҷо зиндагӣдорам, чашм ало кардааст. Мегӯяд, ки ин хона ҳам азони шавҳари ман аст, ту ва духтарҳоят ба ҳеҷ чиз ҳақ надоред. Забону даҳону дандони писарамро бо сеҳру ҷоду чунон бастааст, ки лаб во намекунад.

Хонандагони азиз, ба ман маслиҳат диҳед, чӣкор кунам?

Кампири Ҳусноро, сокини ш. Душанбе.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД