Arzon march 2024
Келину хусур “сагу пишак” шудем
29.01.2023
ОИЛА
1513


Падарарӯси ман марди 60-сола бошад ҳам, ягон зарра одамгарӣ надорад. Аслан, ӯро инсон номидан хастост, зеро аз ҳайвон монданӣ надорад. Ӯро чунон бад мебинам, ки ҳатто рӯяшро дидан намехоҳам.

Ин марди занмиҷоз аз рӯзи аввали ба остонаи хонааш қадам ниҳоданам маро азоб дода истодааст. Ҳамеша аз пуштам бадгӯӣ карда мегардад. Келину хусур мисли сагу гурба шуда мондаем, падаршӯям сояи маро аз девор метарошаду ман ӯро бинам, зиёнам мегирад. Дашному ҳақоратҳояш ба дилам задааст, мехоҳам ба ҷое равам, ки дигар ҳеҷ гоҳ афти хунуки хусурамро набинам. Шавҳарам ҳамеша «сабр кун» мегӯяд, вале сабри сабилмонда ҳам ҳадду ҳудуд доштагист охир!

Келини чалфасу нокора мебудам, шояд аламам намекард, вале ягон айбу гуноҳ надорам. Ҳайрони ҳамин мӯйсафеди ношукрам, се вақт хўрокашро тайёр мекунам, оби таҳораташ ногуфта дар ҷояш, либосҳояш ҳамеша тозаву озодаанд, ба ў чӣ намерасида бошад, ки ҷони маро ба лабам меорад. Як бор шукрона намекунад, ки ҳамин духтари мардум аз духтарҳои худам бештар хизмати маро ба ҷо мебиёрад, ғами шиками маро хӯрда, самбӯсаю манту ва дигар таомҳои бомазза мепазад. Ба ҷойи раҳмат гуфтан ҳамеша бо гапҳои тундаш маро ба гиря оварда, як даҳон нони мехӯрдаамро дар баданам заҳр мекунад.

Маслиҳатгаре наёфта ба «Оила» муроҷиат кардам, то аз хонандагони сершумораш маслиҳат бипурсам. Илтимос, ба ман ягон роҳи дурустро нишон диҳед, охир ман ҳам одам ҳастам, то ба кай гапҳои нешдори падаршӯйи ғайбатчиамро аз забони ҳамсояҳо шунида, мисли ҳезуми тар дарун ба дарун сӯхта гардам?
З.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД