goodwell
Худо тахт доду бахт не
22.08.2026
Oila.tj
177

Салом, хонандагони азиз! Ман мехоҳам қиссаи талхи зиндагиямро ба шумо нақл карда, аз соҳибони таҷриба маслиҳат пурсам.

Ман фарзанди ягонаи оила ҳастам. Падару модарам маро бо нозу неъмат калон карданд. Дар хонаи падар зиндагии хуб доштам ва гумон мекардам, ки бахтам ҳамеша ҳамроҳам хоҳад буд. Аммо баъди шавҳар кардан зиндагиям ба куллӣ тағйир ёфт.

Панҷ соли зиндагии аввалам бефарзанд гузашт. Хушдоман ва наздикони шавҳарам маро бо суханҳои сангин меранҷонданд. Ниҳоят шавҳарам талоқам дод. Баъди чанд вақт бо исрори падару модарам бори дигар шавҳар кардам. Се соли зиндагии дуюм низ бе фарзанд гузашт ва ин дафъа ҳам маро тарк карданд.

Баъд аз чанд сол бори сеюм оиладор шудам. Шавҳарам аз кӯдакӣ ятим монда, дар тарбияи холааш ба воя расида буд. Ин дафъа бахтам омад ва соҳиби духтарча шудам. Шавҳарам барои кор ба Русия рафт, вале зиндагӣ дар хонаи холааш барои ман душвор гардид. Ӯ маро таҳқир мекард ва ниҳоят маҷбур шудам духтарчаамро гирифта ба хонаи падару модарам баргардам.

Як рӯз ҳангоми суҳбат бо шавҳарам духтарам бозӣ карда, дарро кушода монда буд. Ман чанд бор хоҳиш кардам, ки дарро пӯшад. Вақте гапамро гӯш накард, аз асабоният ба ӯ гуфтам: «Пӯш мегӯям, маймун!» Шавҳарам суханамро дигар хел фаҳмида, гумон кардааст, ки ман ӯро ҳақорат кардаам. Ногаҳон гуфт: «Ман туро се талоқ кардам!» Ва телефонро хомӯш намуд.

Ҳоло се моҳ боз дар хонаи падар зиндагӣ мекунам. Шавҳарам на аз ману на аз духтараш аҳвол мепурсад ва барои таъминоти кӯдак низ маблағ намефиристад.

Намедонам чӣ кор кунам. Оё сухани шавҳарам маънои воқеии талоқро дорад? Ё бояд то бозгашташ аз Русия интизор шавам ва масъалаамонро рӯ ба рӯ ҳал кунем? Аз хонандагони рӯзнома хоҳиш мекунам, маро танҳо нагузоранд ва маслиҳат диҳанд.

Бо эҳтиром, И., хонанда

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД