Arzon march 2024
Хўриши «Таќвим»
4384

Мањсулоти лозима:
300 г гўшти пухтаи гов
2 сабзии пухта
3 картошкаи пухта
1 пиёзи миёна
панири ќандин (сырок)
себи туршу ширинак
майонез
ду тухм

Тарзи тањия:
Гўшту картошкаро хурд реза кунед. Пиёзро реза карда шўед. Сабзї, панир ва себи пўсткардаро аз турбтарош гузаронед. Хўришро дар табаќи њамвор дар шакли росткунља ќабат ба ќабат майонез молида оро дињед. Аввал картошка, сабзї, гўшт, пиёз, панир, себ, сафедињои аз турбтарош гузаронидаро пошеду зардињои тухмро ба ќисмати болоии хўриш пошед. Аз сабзї раќами 1 бурида дар болои хўриш гузоред ва бо барги шибиту донаки анор оро дињед.


Торти «Арча»
Мањсулоти лозима:
200г равѓани маска
150г шакар
60 г шакари кўфта
380 г орд
3 г моддаи ковоккунанда
100 г шоколади сафед
180 г тарошаи кокос
5 г оњар (крахмал)
100 мл саршир
2 зардии тухм
100г сметана

Тарзи тањия:
Зардињои тухмро то сафедшавї лат зада, ними шакарро андозед ва боз се даќиќаи дигар лат занед, сипас шакари боќимондаву сметанаро илова намоед. Як стакон ордро бо моддаи ковоккунанда аралаш карда ба хамир андозеду баъдан орди боќимондаро бо ќошуќ илова намоед. Хамир бояд ба даст начаспад. Онро ба яхдон гузоред.
Аз коѓаз як ситораи карлон бурида, ситорањои дигарро хурдтар ќайчї кунед. Аз хамири тунуккарда ситорача бурида дањ даќиќа дар тафдон пазед. Дар буѓоб шоколадро бо саршир омезед. Тарошаи кокосро дар ќањвакўбак майда карда бо як ќошуќча шакару оњар омезед ва ба малњам андозед. Баъди хунук шуданаш малњамро ба кулчањо пухта молида, ситорањоро болои њам чинед.

Торти «Соли нав»
Мањсулоти лозима:
Барои хамир:
3 тухм
100г шакар
150г орд

Барои малњам:
зардии 5 тухм
2 ќошуќ орд
3 ст шир
сафедии 5 тухм
1 ст шакари кўфта
250 г равѓани маска
ванилин

Тарзи тањия:
Сафедињои тухмро бо шакар лат зада, зардињои тухмро боэњтиёт яктогї илова кунед. Ордро кам-кам андохта аз хамири њосилшуда се кулча пазед.

Барои малњам:
Зардињои тухмро бо шакар лат зада, орду ширро илова намоед ва наѓзакак омехта карда дар буѓоб нигоњ доред, то ки ѓафс шавад. Баъди хунук шудан сафедињои тухмро ба хокаи шакар лат зада, ванилину равѓани мулоими маскаро илова намоед ва ба омехтае, ки аз зардињои тухму шакару шир пухта шудааст, якљоя кунед. Малњамро ба кулчањои пухта молида, мувофиќи табъ оро дињед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД