formula
Хушдоманамро аз модарам бештар дӯст медорам!
4208

Вақтҳои охир дар бораи носозгории келину хушдоман дар газетаву журнал ва сомонаҳо бисёр навишта, аксаран хушдоманҳоро гунаҳкор месозанд, ки аз таги нохун чирк кофта, мудом ба кору бори арӯсакон эрод мегиранд ва бо айбҷӯиҳои худ боиси вайроншавии оилаҳои ҷавон мегарданд, вале ман ба ин андеша тамоман розӣ нестам.Маҳз аз ҳамин хотир қарор додам, ки сарнавишти худро ба шумо қисса кунам.
Хушдомани ман -холаи Меҳримоҳ чор келин дорад ва мо-авсунҳо мисли апаву хоҳар ҳастем. Касе ба хонаамон меҳмонӣ ояд, гумон мекунад, ки мо духтарҳои кампир ҳастем, на келинҳояш, чунки хушдоманам бисёр зани меҳрубон аст. Шахсан ман модаршӯямро очаҷон мегӯям ва ӯро баробари модарам дӯст медорам, чунки тамоми кору бори рӯзгорро маҳз аз ҳаимн зани ҳунарманд омӯхтаам. Вакте ки келин шуда омадам, ягон кори занонаро наметавонистам, чунки дар хона ду янга доштам ва онҳо намегузоштанд, ки ба коре даст занам. Хуллас, баъди келин шуда омаданам хушдоманам хоҳиш кард, ки оши палав пазам. Дар хаётамягон бор ош напухта бошам ҳам, аввал ба беҳунариам иқрор нашуда, гуфтам, ки аз ӯҳдаи ошпазӣ мебароям, вале зирбак ҳанӯз наҷӯшида биринҷро андохтаму ошам шавла шуд. Аз шарм гиристам, аммо хушдоманам чизе нагуфта худаш аз нав оши палав пухт ва баъдтар ошпазиро ба ман ёд дод.
Рӯзи дигар пурсид, ки нон пухта метавонӣ ё не? Бо сари хам бале гуфтам, аммо вақти ба танӯр алов монда, нон пухтан дастамро часпондам ва ба даруни танӯр афтода, қариб бирён шуда будам. Баъди ин хушдоманам сахт эхтиет мекард, ки ман ба ягон кори хона даст нарасонам, вале худаш оҳиста-оҳиста роҳу равиши зиндагиро ба ман омӯхт. Холо ман кадбонуи хубе ҳастам ва ба се келини дигари хонавода, ки баъди ман омадаанд, кору бори хонаро омӯзондаам. Мақсад аз ифшои сирру асрори зиндагиам дар он аст, ки агар хушдоманам маро дастгирӣ намекард, шояд хонавайрон мешудам. Дар охир ба модаршӯйи азизам умри дарозу бобаракат хоста, ба хамаи келинҳо гуфтаниям, ки ба қадри хушдоман бирасед ва аз эродҳояш наранҷед, чунки хушдоман ҳам модар аст ва ба келин сабақи зинагӣ меомӯзад.
Шахринисо
Мавод аз “кошонаи Шаҳло” гирифта шудааст

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД