shoh palace
КОРФАРМО 88 МУҲОҶИРРО “КИДАТ “ КАРДУ...
19.07.2021
Р. Азимӣ
3606


88 муҳоҷири тоҷик ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳҷират ва шуӯли аҳлии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, ки дар баргардонидани маблағҳояшон аз корфармо мусоидат намоянд.

Бо кӯмаки кормандни намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳлии Тоҷикистон дар Русия бештар аз 10 миллион рубли муҳоҷирон аз ҷониби корфармоён пардохт гардидааст. Дар ин бора Намояндагии вазорат дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, дар нимсолаи аввали соли 2021 ба намояндагӣ 88 шаҳрванди Тоҷикистон-муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиат намуда, дархост кардаанд, ки дар баргардонидани маблағҳои музди меҳнаташн аз корфармоҳо мусоидат кунанд. Маоши муҳоҷирони меҳнатӣ ба маблағи 14 миллиону 544 ҳазору 681 рубли русӣ, муодил ба 2 миллиону 181 ҳазору 702 сомонӣ пардохт нашуда будааст.
"Дар ин давра аз ҷониби Намояндагӣ 10 миллиону 950 ҳазор рули русӣ, яъне 75,3% маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ бозгардонида шудааст", - меафзояд манбаъ.
Масъалаи 24,7дар сади боқимондаи маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба Намояндагӣ муроҷиат намудаанд, дар баррасии мақомотҳои марбутаи Русия қарор доштааст.

Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия таъкид мекунад, ки бо корфармоёни хурду бузуруг, вазорату идораҳо, мақомотҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шарикони иҷтимоӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст.
Гуфта мешавад, барои фароҳамоварии шароити корӣ, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро пайваста роҳандозӣ менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД