sebiston july new
Корфармоҳо бояд муҳоҷиронро бо хона таъмин кунанд
671

Корфармоёни русиягие, ки муҳоҷирони меҳнатиро ба кор мегиранд, бояд онҳоро бо манзил ва сабти номи муваққатӣ дар манзил таъмин кунанд.

Гуфта мешавад, лоиҳаи қонуни дахлдор барои омӯзиш ба Думаи давлатии Русия пешниҳод карда мешавад.
“Корхонаҳое, ки муҳоҷиронро ба кор қабул мекунанд, вазифадор мешаванд, ки онҳоро дар давоми муҳлати шартномаи меҳнатӣ бо манзил таъмин кунанд”, - таъкид шудааст дар ҳуҷҷат.

Тибқи ин лоиҳа, нуктаи асосӣ расман сабти ном кардани меҳмонон дар ҷойи истиқомат аст. Бино ба гуфтаи вакилон, андешидани чунин чораҳо нисбати корфармоён бо зиёд шудани шумораи қонуншиканиҳо бо иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ алоқаманд аст.

Зикр мешавад, ки ба ин гуна ҷойҳо хобгоҳҳои махсус, хонаҳо ва ё утоқҳои иҷора барои коргарон дохил шуда метавонанд. Ва агар корманд мустақилона хонаро ба иҷора гираду дар он сабти ном шавад, корфармо аз ин уҳдадорӣ озод мегардад.

Дар лоиҳаи қонун ҷазо барои вайрон кардани ин меъёр, ҷарима ба шахсони мансабдор - аз 40 то 100 ҳазор рубл, ҷарима ба шахсони ҳуқуқӣ - аз 400 то 500 ҳазор рубл таҳдид мекунаду фаъолияти ширкатро то 90 рӯз боздоштан мумкин аст.

Иқдомкунандагон гуфтаанд, ба қайд гирифтан дар ҷои истиқомат имкон медиҳад, ки қонуншиканонро назорат кунанду зуд ошкор намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД