Arzon march 2024
Косаи сабри Сабрина лабрез шуд
17.04.2024
ОИЛА.ТҶ
1051

 

Салом хонандагони сомонаи Oila.tj! Ман Сабрина, як нафари пурсабру пуртоқат, ки охири охир косаи сабрам лабрез ва тоқатам тоқ шуду мехоҳам дарди диламро гӯям.

Ман соли 2002-юм таваллуд шудаам. Ба донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуда, чор сол таҳсил кардаму онро хатм намудам. Ду сол дар мактаб ҳам кор кардам. Баъд маро ба шавҳар доданд.

Тӯямро нав ду моҳ мешавад, лекин чунин фикр мекунам, ки гӯё бист сол зиндагӣ карда бошам. Гапу чапи ману шавҳарам алакай аз таги чодар оғоз шуд. Бе ягон сабабу асосе дастамро сӯзонд. Ба хонаамон омадаму намехоҳам дигар бо ӯ зиндагӣ кардан. Аммо, ӯ мегӯяд, ки “пули харҷкардаамро баргардон”. Ман нодухтар набудам, ки маблағи сарфкардаи ӯро баргардонам ва барои ҳамин азоби виҷдон мекашам. Боз, нисбаташ нафрат ҳам дорам. Бубинед, ки ҳам маро латукӯб кард ва ҳам пул талаб дорад! Боз, мегӯяд, ки “ту аз хонаи мо ягон чиз намебарӣ, умедатро кан!”.

Дард гулӯгирам кардааст ва умуман намехоҳам бо ӯ рӯ ба рӯ шудан. Аммо мегӯяд, ки “ман туро ҷавоб намедиҳам”.

Ҳайронам, шахсеро, ки маро туҳмату латукӯб кунад ва дилам монад, чӣ тавр дӯст дорам ва бо ӯ зиндагиро идома диҳам!? Ё шояд ягон беморӣ дорад, ки рӯзи дароз бекор нишаставу бо баҳонаҷӯиҳо ба асаби ман мерасад ва дигаронро ғайбат мекунад!?

Хоҳиш мекунам, ба ман ягон маслиҳат диҳед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД