Arzon april 2022
Кулчақанди «Бананчик бо чормағз»
449


                        Маҳсулоти лозима:
1 дона – тухм
100 грам – маска
160 грам – сметана
20 грам – шакар
5 грам – маводи ковокунанда
350 грам – ордош
Барои ороиш:
120 грам – чормағз
100 грам - шакар

                                Тарзи таҳия:
Дар зарф маска, сметана, тухм, 1 қошуқ шакар, 1 қошуқча маводи ковокунанда андохта ҳамаашонро якҷоя ва хуб омехта мекунем, баъдан ба он орд илова карда, то сахт шуданаш омехта мекунем. Хамир, ки омода шуд, онро ба зуволаҳо тақсим мекунем. Ҳар як зувола бояд тахминан 40 грам бошад. Зуволащоро дар яхдон 40 дақиқа нигоҳ медорем, баъд гирифта гирдак тунук мекунем, андозаашон бояд на калон бошад, на майда.
Барои байнаш чормағз ва шакарро якҷоя карда, омехта мекунем. Дар байни зувола чормағз ва шакарро мерезем ва ба шакли банан мепечонем.
Дар қолаб равған молида қоғази пергамент тунук мекунем ва кулақандҳоро мечинем. Кулчацандщоро дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа то сурх шуданаш пухта, баъдан хокаи шакар пошидан лозим.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД