arzon replenishment
Махсуми Санги Кулула кӣ буд?
3883
Махсуми Санги Кулула кӣ буд?

 

Аёдати зиёратгоҳҳо як амали маъмулии аҳли суннат, аз ҷумла мардуми тоҷик мебошад.

Одамон ба хотири поси хотир гузаштагон ва бо умеди амалӣ гаштани хостаҳояш ба зиёрати оромгоҳи шахсиятҳои маъруфи олами ислом мераванд.

Холаи Раҷабмоҳ яке аз чунин корафтодаҳо мебошад ва мегӯяд, баъди ҳафт соли интизорӣ, пас аз аёдати зиёратгоҳе соҳиби фарзанд шуд. Аз рӯйи нақли инзан, дар бадали 7 соли бефарзандӣ дар баробари ба табобати халқӣ машғул будан, вай бо тавсияи пайвандони шавҳараш ба аёдати зиёратгоҳҳо мерафтааст.Охирон маротиба бо ҳамроҳии ҳамсараш ба зиёрати мазори Махсуми Санги кулула, ки дар минтақаи Хатлон ҷойгир мебошадж, рафта, баъди он соҳиби фарзанд гаштааст.

Мақбараи Пирмаҳмадзода, ки бо лақаби Махсуми Санги кулула маъруф аст, дар деҳаи Гулрези ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ҷой гирифтааст. Махсуми Санги Кулула, домулло, ходими дин буда, бо хусусиятиҳои хосаш дар байни мардум эҳтирому эътибори зиёде доштааст.

Дар бораи ин донишманди ислом то кунун ривоятҳои зиёде дар байни мардуми оддӣ аз забон ба забон мегузаранд. Махсуми Санги Кулула ном гирифитани ин ходими динро мардуми маҳаллӣ ба санге, ки дар зодгоҳаш Сари Хосор ҷой гирфитааст ва замоне дар болои он падараш ибодат мекардааст, рабт медиҳанд.

Аз рӯи нақли сокинони деҳа, солҳои пеш ба зиёрати мақбараи Санги Кулула одамони зиёд меомаданд ва бо умеди амалишавии муроду мақсад ва орзуҳояшон дар он ҷо чорво хун мекарданд.

Сайдулло Раҳмонов дуюмин қаҳрамони мост, ки дар ин деҳа ба воя расидааст. Баъди як ҳодисаи нохуш ӯ аз дидаи бино маҳрум гаштааст. Аз рӯйи нақли худаш, маҳз бо шарофати даму дуои Махсуси Санги Кулула биноии чашмонаш дубора барқарор гаштааст.

Аммо ҳамсуҳбати дигари мо, ки аз худ Шариф ном гирифт, вале нахост чеҳраашро ошкор кунем, ин амалҳоро зидди фаромудаҳои ислом меномад.

Хулоса, дар бораи шифобахшии ин мазор ривоятҳои зиёде аз даҳон ба даҳон то имрӯз омадааст, ки яке аз он парвоз кардани тобути Махсуси Санги Кулула баъд аз адои намози ҷаноза мебошад.

P/S Ҳамчунин метавонед, дигар барномаҳои вобаста ба мавзӯъҳои эътиқодҳои динӣ, таҳаммулпазирӣ, аёдати зиёратгоҳҳо ва дигар мавзеъоро дар ин линкҳо пайгирӣ намоед:

1. ХУШУНАТ НАМЕХОҲЕД? СОҲИБКАСБ ШАВЕД!

2. Чаро маҳз хоки мазор озахро шифо мебахшад?

3. Санги кабуд сулфакабутакро шифо мебахшад?

4.МАҲБАС МАРО ДИНДОР КАРД

5.РОҲЕ, КИ ФИРӮЗАРО ХУДОШИНОС КАРД

6.Бемории хоҳар динамро дигар кард

7. Чаро одамон динашонро иваз мекунанд?

8. ДИН ФАСЛ НЕ, ВАСЛ МЕКУНАД!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД