Мактаби №6-и Хоруғ ба номи Алишер Мирзонабот гузошта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки мактаби рақами 6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишер Мирзонабот, собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, гузошта шавад.
Сарвари давлат, зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ дар шаҳри Хоруғ аз Алишер Мирзонабот ёд карда, ба падару модар ва наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардии амиқ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба падару модари раиси пешини ВМКБ барои тарбияи чунин фарзанди содиқу ватандӯст сипосу миннатдорӣ баён кард.
Алишер Мирзонабот субҳи 17 июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ дар километри 282-юми шоҳроҳи «Душанбе–Хоруғ», дар қитъаи байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз, ҳамроҳи аҳли оила ва кормандони ҳамроҳаш ба садама дучор шуда, мошини хизматӣ ба дарёи Панҷ афтода буд.
Дар натиҷа ҷасади Алишер Мирзонабот, ҳамсараш, инчунин ёвару ронандааш пайдо гардид. Ҷустуҷӯи духтари дусолаи ӯ, ки дар ин ҳодиса нопадид шудааст, то ҳол идома дорад.