Arzon march 2024
МАН ҲАМ ФАРЗАНДДОР ШУДАН МЕХОҲАМ
2286

 

Ман Хуҷамурод ҳастам, аз н. Ёвон. Маъюбам, бо ароба мегардам. Ҳаёти маъюбӣ хеле пурдарду пуразоб ҳаст. Озодона ба ҷое рафта наметавонам, зеро аз пойи равон маҳрум ҳастам. Ба болои ин ҳама дарду азоб, аробае, ки ман бо он мегардам, аллакай вайрон шудааст ва шояд рӯзҳои наздик тамоман аз кор монад. Бо вуҷуди маъюб буданам, ба даргоҳи Худованд шукрона мекунам. Бисёриҳо бо тану ҷони солим ношукрӣ мекунанду аз пайи боигарӣ медаванд. Аммо ман тамоми боигариамро диҳам ҳам, саломатиро ба даст оварда наметавонам. Маъюбӣ боз як ҷиҳати нохуб дорад, ки ҷуфти муносиби худро пайдо карда наметавонӣ. Ман соҳиби хона, ҷойи кор ва мағоза ҳастам. Баъзан ба хона омада, аз танҳоӣ гиря гулӯгирам мекунад. Бар замми маъюб будан, боз танҳоӣ азоби маро дучанд мекунад. Хеле мехоҳам фарзанддор шавам ва номи падарро сазовор бошам. Аз ҳафтаномаи “Оила” хоҳиш дорам, ки ба мани маъюб кӯмак карда, барои ёфтани ҷуфти муносиб мусоидат намоянд. Мехоҳам бонуи қалби ман дар пастиву баландиҳои зиндагӣ ҳамроҳам бошад. Ваъда медиҳам, ки ӯро хушбахттарин зани дунё мекунам. Рақами телефони ман: 907489181 988007404

Хӯҷамурод, аз н.Ёвон

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД