sebiston july new
Марде, ки аз пӯсти гову гӯсфанд чарми табиӣ месозад
601


Чармгарӣ аз зумраи ҳунарҳоест, ки дар баробари меҳнати сангин зӯри бозӯ ва қувваи бисёрро талаб мекунад. Дар шаҳри Истаравшан ягона ҳунарманде, ки ин пешаро то имрӯз идома дода истодааст, Маҳкамбой Расулови 59-сола аст.

Қаҳрамони мо ҳунари чармгариро аз гузаштагонаш омӯхтаасту мегӯяд:

"Чармгарӣ бисёр касби мушкил аст, агар инсон сабру тамкин надошта бошад, дар ин кор муваффақ намешавад. Ростӣ, дар солҳи аввали корам баъзан ҳолатҳое мешуданд, ки ҷонам ба лабам раисда, мехстам аз ин касб даст кашам. Фикр мекардам, ки аз ӯҳдаи ҳунари чармгарӣ намебароям, зеро чармҳои сохтаам на он қадар сифати хуб доштанд. Падарам маро тасаллӣ дода, мегуфтанд, ки сабр ва кӯшиш кунам, оҳиста-оҳиста сирру асрори ин касбро ёд мегирам. Ҳамин тавр маҳз бо дастгирии падарам рҳу равиши ин корро омӯхта, муваффақ шудам. Падарам доимо таъкид мекарданд, ки аз ҳунаре, ки дорам, дилхунук нашавам ва кӯшиш кунам, ки тамоми нозукиҳо ва сирру асрори ин касбро аз худ намуда, онро ба фарзандонам мерос гузорам. Панди падарро дар гӯш гирифта, ман ҳунари чармгариро ба фарзандонам ёд додам...”

                   Фарзанди нек-боғи падар
Падари усто Маҳкамбой-Ҷӯрабой Расуловро хурду калон дар Истаравшан ҳамчун чармгари номӣ мешинохтанд. Ҳанӯз замони Шӯравӣ барои харидани чармҳои хушсифати усто Ҷӯрабой аз Ӯзбекистон Қазоқистон ва дигар ҷумҳуриҳо мизоҷон ба Истаравшан меомаданд, зеро чармҳои ӯ назар ба чармҳои тайёр кардаи ҳунармандони дигар хушсифат ва боқувватар буданд. Усто Ҷӯрабой нозукиҳои ҳунарашро ба фарзандаш Маҳкамбой низ омӯзонидааст. Тавре ки худи Маҳкамбой Расулов нақл мекунад:
"Аз хурдӣ ба касбу кори падарам шавқ доштам ва доимо ба кори борашон зеҳн мемондам, аммо аз сабаби яккаписар ва эркаи хонадон буданам намегузоштанд, ки ба корҳояшон кӯмак кунам. "Ин кори вазнин аст, ту ҳоло хурдӣ" - гуфта ҳама корро худашон мекарданд. Рӯзе падарам бемор шуданд. Чармҳои фармоиш шударо сохтан лозим буд ва ман аз рӯйи мушоҳидаҳоям ба сохтани чарм сар кардам. Сифати чарм на он қадар хуб баромад, вале ба ҳар ҳол сохтам. Падарам ба бемориашон нигоҳ накарда, ба наздам омаданд ва ба ман роҳ нишон дода, дар куҷо хато карданамро як ба як гуфта доданд ва ҳаомн рӯз ба ман фотиҳа дода, таъкид карданд, ки то зинда ҳастӣ, ҳунари чармгариро идома деҳ ва ҳеҷ гоҳ нагузор, ки ин ҳунар аз байн равад. Мана, аз ҳамон вақт инҷониб 40-сол мешавад, ки ман бо ҳамин пеша машғулам..."

Чармро одатан аз пӯсти гов тайёр мекунанд, вале барои сохтани чарм пӯсти гӯсфанд, асп ва буз ҳам мувофиқ аст. Чарме, ки аз пӯсти гов омода мешавад, нисбат ба дигар навъи чармҳо мустаҳкамтар аст. Чармҳои месохтаи қаҳрамони мо, усто Маҳкамбой бисёртар аз пӯсти гов омода мешаванд. Дар боби тарзи тайёр кардани чарм қаҳрамони мо чунин қисса мекунад:
"Аввалан пӯсти хомро гирифта, дар як тағора бо ду фақер (сатил) об тар мекунем. Пас аз он ки пӯст обро нағзакак ба худаш меҷабад, онро гирифта бо устуруг (дастгоҳе, ки бо он равғанҳои пӯстро метарошанд. Болои дастгоҳ аз чӯб сохта шудааст) мегузорем ва то нест шудани равғанҳои дар пӯст буда, тоза мекунем. Боз як шаби дигар дар оби тозаи хунук тар карда мемонем, баъд ба он натрий ва оҳак илова карда, се рӯз дар он тағора мегузорем.

Дар ин маҳлул тамоми мӯйи пӯст мерезад. Мо онро гирифта бори дигар метарошем. Баъдан боз дар тағораи обдор гирифта ба он дубител ҳамроҳ мекунем. (Аввалҳо хромпик ном маҳлул илова мекардем) Пас аз ин чармро хушк карда, боз як бори дигар тар мекаунем ва сипас гирифта мехушконему ба сатиле, ки ранг тайёр карда шудааст, ду-се маротиба андохта мегирем. Баъди ранг карда шудан, боз як бори дигар мӯй ва чизҳои нолозими пӯстро метарошем. Пӯсти пурра омодашударо равған мекунем, ки ин ранги чармро дигар мекунад.
Чармҳои сохтаи усто Маҳкамбой рангашон асосан сиёҳ ва зард буда, бештар косибони шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд онро харидорӣ менамоянд. Имрӯзҳо аз сабаби зиёд будани чармҳои истеҳсолии корхонаҳо харидорон ба чармҳои усто Маҳкамбой кам шудааст.

Назар ба гуфти қаҳрамони мо ҳатто солҳои 1991-1992 талабот ба чарми дастӣ хеле зиёд будааст.


“Бо вуҷуди носомониҳо дар кишвар аз гӯшаву канори мамлакат муштариён барои харидани чарм меомаданд, ҳатто аз ҳамсоякишвари Ӯзбекистон харидорон буданд. Мо он вақтҳо баъзе маҳсулоти барои сохтани чарм заруриро аз он ҷо харидорӣ мекардем. Имрӯз тамоми лавозимот дар ҷумҳурии худамон фаровон аст" - мегӯяд усто.

Қаҳрамони мо аз он шиква дорад, ки таваҷҷӯҳи ҷавонон нисбат ба омӯхтани ҳунар хеле кам шудааст ва агар ҳамин тавр идома ёбад, эҳтимол ҳунари чармгарӣ аз байн равад...
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД