Тамоми ҷавондухтарон дар орзуи муҳаббати ҳақиқӣ ҳастанд. Медонед, ки муҳаббати асил гуфта занҳо чиро дар назар доранд? Садоқату меҳрубонӣ, ҳурмату эҳтиром ва… туҳфаҳои қиматбаҳои мардро! Бале, бале, бонувон инро ошкоро нагӯянд ҳам, ҳар як зан дар умқи дилаш орзуи тилову бриллиантро дорад. Ҳар як хонум мехоҳад туҳфаи олиҷанобро аз марди дӯстдоштааш бигирад. Вақте мард имкони харидани туҳфаи қиматро надорад, ин маънои пул надоштани ӯро дорад. Бонувон чунин мардонро «лох» меноманд.
Шӯйи бепул – дарди сар
Пештар занҳо орзуи шавҳари сарватманд доштанашонро дар ниҳонхонаи дилашон пинҳон мекарданд, вале акнун замона дигар шудаасту бархе аз бонувон чӣ хостанашонро пинҳон намедоранд. Одатан солҳои аввали баъди тӯй муносибатҳои зану шавҳар хуб аст, онҳо аз ишқу муҳаббаташон лаззат бурда, ба қавле бе болу пар парвоз мекунанд, вале хоҳ-нохоҳ бо мурури солҳо оҳиста-оҳиста аз осмони орзуҳо ба замин фуруд меоянд. Зан ба атроф назар карда, зиндагии серу пур ва бошукӯҳи ҳақу ҳамсоя, хешу табор ва дугонаҳояшро дида, мехоҳад вай ҳам хонаи зебои бо мебелҳои қимат ҷиҳозонидашуда дошта бошад ва либоси пеши бозорро пӯшад. Мард як моҳи дароз танҳо бо умеди моҳона зиндагӣ кунад, албатта асаби зан хароб шуда, ҷангу ҷанҷол мебардорад. Ин маънои онро надорад, ки зани интихобнамудаи ин марди бетақдир дар асл шаттоҳ (стерва) будааст, ин тақозои зиндагӣ аст. Бо мурури вақт ҳама чиз тағйир меёбад ва дар дил орзуҳои нав ба нав пайдо мешаванд. Агар солҳои аввали баъди тӯй зан бриллиантро дӯст намедошт, баъдан ошиқи ҷавоҳирот гаштанаш набояд мардро ба даҳшат биёрад. Ба ҷойи «саг барин меҷакад» гуфта, аз зан шиква намудан мард бояд кӯшиш намояд, ки зиндагиашро сол то сол беҳтар созад, то дар мӯйи сари хонумаш аз азоби бепулӣ барфи пирӣ бармаҳал лона гузошта, касалию инҷиқ нашавад. Шумо аз ягон мард пурсидаед, ки зиндагӣ бо зани касаливу бармаҳал пиршуда чӣ хел аст?
Бепулӣ асаби мардро низ хароб мекунад
Баъзан чунин мешавад, ки зан давлату сарваташро дида, ба марде ба шавҳар мебарояду баъди чанде гардиши чархи фалак он бойбачаро аз аспи савлат фароварда, зин ба пушт месозад. Зан бо умеди дубора расидан ба рӯзҳои хуш бо бепулии шавҳараш созиш мекунад, вале танҳо чанд муддат. Агар мард барои ислоҳи вазъият кӯшиш накунад, зан дар интихоби бахт хато карданашро эҳсос намуда, худро дарун ба дарун мехӯрад. Маъмулан, бепулӣ натанҳо зан, балки худи мардро низ руҳафтодаю асабонӣ месозад. Мард дандон ба дандон монда тоқат мекунад, вале асабоният рӯз то рӯз бештар гашта, ҳолашро табоҳ месозад. Ин ҳолат метавонад ҳатто ба беморӣ оварда расонад, агар ба азоби руҳии мард ғур-ғуру норозигии ҳамсараш зам гардад. Вақте ки дар кисаҳои мард бод рақси ғамангез намуда, суруди бепулиро месарояд, на меҳрубонии занаш ба назараш метобаду на шӯхию бозиҳои фарзандонаш. Вақте ки дар хона нон нест, дар дил ягон чиз намеғунҷад ва ҳатто овози форами булбул гӯшхарош менамояд.