formula
МАРГИ МУШИ КЕЛИНҲО БА ҶОЙИ ХУШДОМАН НАБЕРАҲОРО КУШТ
2291

Дар ин шумора...

Коронавирус бо шири модар ба тифл мегузарад?

... Агар беморӣ дар шакли сабук бошад, онро бе антибиотикҳои сахттаъсир низ табобат мекунанд, вале агар истеъмоли ин гуна давоҳои сахттаъсир лозим бошад, он гоҳ духтури минтақавию табиби сироятшинос дар якҷоягӣ ба табобати бемор пардохта, чораҳое андешида мешаванд, ки антибиотикҳо ба ҷанин таъсир намерасонанд. Дар баробари дорувориҳои сахттаъсир, давоҳои дигаре низ тавсия дода мешаванд, ки зарари антибиотикҳоро бартараф мекунанд...

Агар дар бораи таъсири коронавирус ба занҳои ҳомила, тифли батни онҳо ва занҳое, ки кӯдаки ширмак доранд, донистан мехоҳед, пас аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” суҳбати духтури амрози занонаи Муассисаи давлатии миллии “Шифобахш” Маҳмадалиева Солеҳаро мутолиа кунед!

Зулайхо, Мадина, Меҳрнигор-зеботарин сарояндаҳои Осиёи Марказӣ

... Миёни инҳо се сарояндаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева, Меҳрнигори Рустам ва Мадина Ақназарова зеботарин сарояндаҳои Осиёи Миёна арзёбӣ мешаванд. Ин сомона менависад: “Ба ҳама маълум аст, ки Осиёи Марказӣ бо чеҳраҳои зебои бонувони худ хеле маъруф аст, вале дар баробари зебо будан, ҳастанд хонумҳое, ки истеъдоди баланд доранд”...

Шарҳи пурраи матлаби мазкурро аз шумораи ҷадиди ҳафтаномаи “Оила” пайгирӣ намоед!

Марги муши келинҳо ба ҷойи хушдоман набераҳоро кушт

...Ҳангоми самбӯсапечонӣ барои “бомазза” шудани он, келинҳо аз маводи хокаи “марги муш” истифода мекарданд ва баъди пошидани он ба дохили зувола, ҷониби якдигар маънидорона чашмак мезаданд. Ин ишораҳояшон маънои онро дошт, ки имрӯз онҳо аз кампири шум халос мешаванд...

Ин қиссаи фоҷиавиро ба таври пурра аз шумораи тозанашри ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед ва хонед!!!

Васияти палонҷ

... Тӯли ду ҳафтаи дар ноҳия буданаш, ман бо Назар унс гирифтаму ӯ ба пойтахт баргашта, ба ман ваъда дод, ки хона ёфта, омада маро хостгорӣ кардаву нони мардумро дода, зани дуюми худ мекунад. Назар ба ман нақл кард, ки модараш ғайри хоҳиши ӯ духтартағояшро келин кардаасту занашро дӯст намедорад. Барои ман зану чор духтар доштани Назар монеа намешуд, зеро ваъдаам дод, ки дар пойтахт хонаам мехараду бо ман мемонад...

Оё Назар ба ваъдаи худ вафо кард? Тақдири Райҳон чӣ шуд? Назар ӯро хушбахт карда тавонист? Донистан мехоҳед? Пас шумораи нави ҳафтаномаи “Оила”-ро аз тамоми дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо пурсон шавед!

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:

238-52-52

«Маро танҳо нагузор»

Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД