goodwell
Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон
27.08.2026
Oila.tj
60

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.

Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иштирок кард.

Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ таъсис ёфта, ба номгӯи ташкилотҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат дохил мешаванд.

Иншооти мазкур муассисаи машваратӣ буда, фаъолияташро дар самти ташкилу расонидани машварат, омодасозӣ ва мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Ҳамзамон, дар марказ ҷиҳати фарогирии шаҳрвандони бекор ва шахсони беихтисос ба омӯзиши касбӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати 1-моҳа ва 2-моҳа ташкил ва баргузор карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД