Як рӯз зане, ки ҳеҷ гоҳ аз шавҳараш сухани дилнишин нашунида буд, ба сардарди шадид гирифтор шуд. Шавҳараш ронандаи мотосикл буд ва бори аввал занашро ба мотосиклаш савор кард. Зан бо эҳтиёт нишаст ва аз ҳаяҷон ва хиҷолат намедонист дастҳояшро куҷо гузорад.
Ногаҳон шавҳараш гуфт:
- Маро бағал кун.
Зан пурсид:
- Чӣ кор кунам?
Вақте маънои сухани шавҳарашро дарк кард, ашк ором-ором рухсораҳояшро тар кард.
Онҳо ба нимароҳ расида буданд, ки зан хоҳиш кард баргарданд.
Шавҳараш гуфт:
- Чаро? Қариб ба беморхона расидем.
Зан ҷавоб дод:
- Дигар лозим нест… беҳтар шудам. Сарам дигар дард намекунад.
Шавҳар ӯро ба хона овард, вале ҳаргиз нафаҳмид, ки ҳамон як ҷумлаи содаи «маро бағал кун» чӣ қадар занашро хушбахт кард, то ҳадде ки дар ҳамон роҳи кӯтоҳ сабаби рафъи дардаш шуд.