formula
МАСКАВ: ҶАВОНИ 27-СОЛАИ ТОҶИК АЗ БАЛАНДОШЁНА АФТИДУ...
4871


Як муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки ному насабаш то ҳол маълум нест, аз ошёнаи болоии бинои навсохт дар шаҳри Маскави Русия ба замин сарозер шудааст...
Дар шаҳри Маскав марги боз як муҳоҷири тоҷик дар яке аз майдонҳои сохтмон ба қайд гирифта шуд,-иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Ҳодисаи нохуш дар яке аз майдонҳои сохтмон, дар кӯчаи Лобочевскийи пойтахти Русия ба қайд гирифта шудааст.Гуфта мешавад, ки ду коргари сохтмон, ки муҳҷири меҳнатӣ будаанд, аз баландии бинои сохташуда ба замин сарозер шуданд ва яке аз онҳо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Муҳоҷири дуюм дар бемористон бистарӣ гардидааст ва табибон вазъи саломатии ӯро вазнин арзёбӣ менамоянд.

Тибқи маълумоти пешакӣ ҳарду муҳоҷири меҳнатӣ бидуни шартномаи меҳнатӣ дар ин сохтмон кор мекардаанд.
Прокуратураи генералии Русия оид ба риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар раванди корҳои сохтмонӣ, тафтишотро оғоз намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД