Мбаппе “Кафши тилоӣ”-и футболи Аврупоро ба даст овард
01.11.2025
Oila.tj
85

Килиан Мбаппе, ҳамлавари фаронсавии бошгоҳи “Реал Мадрид”-и Испания барои задани бештарин шумораи голҳо дар мавсими 2024/25-и футболи Аврупо ҷоизаи “Кафши тилоӣ”-ро ба даст овард.

Ӯ дар мавсими гузаштаи Ла Лига, мусобиқоти дохилии футболи Испания ба задани 31 гол даст ёфта, беҳтарин нишонзан шуда буд.

Ҳарифи асосии Мбаппе аз рӯи задани шумораи бештари голҳо дар беҳтарин лигаҳои футболи Аврупо футболбози мисрии дастаи “Ливерпул”-и Англия Муҳаммад Салоҳ буд. Ин бозигар дар мавсими гузаштаи Лигаи бартар (Премер-лига)-и Англия 29 гол ба самар расонид, вале натавонист ба Мбаппе баробар шавад.

Охирин маротиба аз ҳайати “Реал Мадрид” Криштиану Роналду, собиқ ҳамлагари ин даста дар мавсими 2014/15 соҳиби “Кафши тилоӣ” гардида буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД