formula
МОДАРАШРО КУШТУ БА РУСИЯ ГУРЕХТ
14.05.2021
ОИЛА
3678

Апаам Ҳанифа ҳамеша дар байни духтарҳои хонаводаи мо фарқ карда меистод. Хуши пухтупазу шустушӯй ва дигар корҳои рӯзгорро надошт, рӯзи дароз телефон дар дасташ бо ким-киҳо чақ-чақ мекард. Модарам бо кӣ ин қадар суҳбат карданашро пурсанд, мегуфт, ки фалон дугонааш занг задаст, вале баъдтар маълум шуд, ки бо бачаҳо гап мезадааст. Модарам ӯро насиҳат кард, коҳиш намуд, зад, вале ҳеҷ илоҷи духтари саркашро наёфт.

Ҳанифаро на бо гапи хуб аз роҳи бад гардонда мешуд, на бо мушту лағад. Падар надоштем, ки чораи ин духтари шаттоҳро ёбад. Ҳанифа аз заифии модарам истифода бурда рӯз то бегоҳ дар кӯча мегашт.

О
қибат модарам аз ғами духтари беодобаш ба беморӣ печида бистарӣ шуд. Дидаҳояш пур аз оби чашм дар даруни ҷогаҳ ҳам фикри чӣ шудани оқибати фарзанди бадашро фикр мекард очаҷонам. Мани хурдсол аз дидани ранҷу азобҳои руҳии модар ҷигархун шавам ҳам, зӯрам ба апаам намерасид, ки ӯро ба кӯчаи одамгарӣ баргардонам. Оқибат Ҳанифаи беандеша ба доми кадом як ошиқи маккораш афтида, номусашро бохтааст. Ин овоза дар тамоми маҳалла паҳн гашта, сари моро дар байни мардум хам кард. Бадномзада шудани духтараш модарамро бе корд кушт. Гирёну нолон ба хонаи ҷавон рафта аз ӯ ба занӣ гирифтани Ҳанифаро талаб карда бошад ҳам, он занбози маккор «хола, барои чӣ барвақттар пеши роҳи духтаратро нагирифтӣ? Ҳанифа фақат бо ман не, бо чанд ҷӯраам ҳам гашта буд, ман чӣ хел ӯро ба занӣ мегирам?!» гуфта рад кардааст. Касалии модарам пас аз ин бештар хурӯҷ намуд. Аз тарси он ки боз ягон балои дигарро ба сарамон наорад, дасту пойи Ҳанифаро баста дар хона маҳкам кардем. Доду фиғон мебардошт, ки раҳоям кунед. Амакҳоям омада ӯро хуб лату кӯб карданд ва таъкид намуданд, ки агар боз як бори дигар пояшро аз дар ба берун гузорад, сарашро аз танаш ҷудо мекунанд. Ҳанифаи ба дайдугӣ омӯхта мисли саги газанда шуда буд, ҳамаамонро дашном дода ба модару амакҳоям лаънат мехонд. Касофат як шаб дастонашро бо кадом ҳиллае кушода гурехтааст. Саҳар аз забони ҳамсояҳо шунидем, ки нимаи шаб Ҳанифа ба як мошини хориҷӣ нишаста рафт.

Фарзанд чи хеле, ки набошад, барои модар ширин будааст, бечора очаам аз дасти Ҳанифа қариб ба марг расида бошад ҳам, боз моро ба ҷустуҷӯяш фиристод, вале ҳарчанд кофтем, ному нишонашро дар ягон ҷо наёфтем. Маҷбур шуда ба милиса муроҷиат кардем. Маълум шуд, ки Ҳанифа бо як марди 40-сола ба Русия фирор намудааст. Модарам ин хабарро шунида аз ҳуш рафт. Гирёну нолон ӯро ба беморхона бурдем. Бо як азоб лабонашро ҷумбонда чизе мегуфт, вале гапашро намефаҳмидем. Рӯзи бе ин ҳам сиёҳамон сиёҳтар гашт, пуле надоштем, ки доруву дармони барои модарам заруриро харида ӯро табобат намоем. Амакҳои камбағалам имкони ба мо кӯмак расонидан надоштанд. Хулоса, ғами духтари бероҳааш ва бепулӣ модарамро кушт. Рӯзи марги очаҷонам ҳамаамон хун мегиристем.

Апаҳоям Ҳанифаро дуои бад карда рӯю мӯяшонро канда очаҷон гӯён нола мекарданд, вале тақдирро тадбир набуд. Модари ғамкуштаамро бо сад ормон ба хок супурдем. Шунидам, ки «Оила»-ро натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Русия ҳам мехондаанд. Мо аз чунин фарзанди падар безорем, бинобар ин аз минбари «Оила» ба Ҳанифаи модаркуш гуфтаниям:

-Дар ду дунё ба суроғи мо набиё! Фаромӯш кун, ки ту дар Тоҷикистон додару хоҳар ва хешу табор дорӣ. Худо гӯй, ки ягон вақт ба дастам наафтӣ, вагарна ба пӯстат коҳ ҷой мекунам, қотил!

Наврӯз, аз н. Файзобод

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД