sebiston july new
МӮҲТОҶИ МОДАРАТ НЕСТЕМ, БАРГАРД МАРДАКҶОН!
02.02.2021
Р. Азимӣ
3656

 

 Аввалан салому паёми гарму самимиамро ба кулли хонандагони  «Оила» мерасонам.

Таъсиси саҳифаи махсус барои муҳоҷирон на танҳо ман, балки гумон мекунам, кулли хонандагон, аниқтараш онҳоеро, ки шавҳар, фарзанд, падар ё бародаронашон бо баҳонаи кор ба муҳоҷират рафта, пайвандони худро тамоман фаромӯш карда, боиси сарсонию саргардонӣ ва сияҳрӯзиашон гаштаанд, хеле шод намуд. Бо умед хома ба даст гирифта, ҳаёти хешро рӯи саҳифа оварда истодаам, то шавҳарам навиштаҳоямро хонда аз зиндагии душвори зану фарзандонаш огаҳ шавад ва ба Ватан баргардаду моро соҳибӣ кунад, то дар оянда бо дуои падар духтаронамро ба шавҳар диҳам.    

     Ман аз овони мактабхонӣ ба хондани китобҳои бадеӣ шавқу рағбати беандоза доштам. Ҳар чи мехондам, зуд дар хотирам нақш мебаст ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз он истифода мебурдам. Ҷавоне ошиқам гашту бо тӯю тамошо ва дуои волидон мо риштаи тақдирамонро ба ҳамдигар пайвастем. Зиндагиамон солҳои аввал ширину рангин мегузашт ва ба самари ниҳоли ишқ- се духтараки нозанинамон нигариста дилҳоямон моломоли фараҳ мегашт, вале хушдоманам шукри зиндагии осоиштаю ободи фарзандашро накарда шавҳарамро барои ба муҳоҷират рафтан маҷбур кард. Шавҳари бечораам аз ману духтаронаш дил канда ба мулки ғарибӣ рафтан нахосту дар бало монд.

   -Чӣ, фақат ту зану фарзанд дорӣ?! Дигарон бачаҳояшонро аз халтаи партов ёфтаанд, ки партофта Руссия мераванд?! Ҳоло ин кирмакот хурданд, пагоҳ калон шаванд, барои хонадор карданашон чӣ қадар пулу мол лозим мешавад, медонӣ?! Аз ҳозир ғамашонро нахӯрӣ, фардо дер мешавад…

Чунин гуфтугузор қариб ҳар бегоҳ такрор меёфт ва ниҳоят шавҳарам ҷонбезор шуда рахти сафар баст. Оҳ, кошки намерафту ману се духтарам бе саробону хору зор намешудем! Лаънат ба ҳамон пуле, ки фарзандро аз падару занро аз шавҳар ҷудо месозад!

Хуллас, шавҳарам кори хубу сердаромад ёфт. Вай тез-тез бароямон пул мефиристод ва соатҳо телефонӣ бо ману духтаронаш сӯҳбат мекард. Намедонам меҳрубониҳои писараш бо зану фарзандон рашки хушдоманамро овард ё пули калонро дида аз худ рафт, ки муносибаташ якбора бо мо вайрон шуда монд. Пулҳои фиристодаи шавҳарамро аз дастам кашида мегирифт ва бе ягон сабаб ҷанҷол бардошта, ҳафтаҳо қаҳрӣ мешуд. Гуноҳамро пурсам, ба ҷойи ҷавоб додан ману духтараконамро дуоҳои бад мекард, ки пули бо хуни ҷигар ёфтаи писарашро мехӯрем. Намефаҳмидам, ки бо кампир чӣ шудааст, вале билохира як рӯз маддаи дилашро кафонда гуфт:

-Ман пулҳоро барои тӯйи писарам ҷамъ карда истодаам, ҳамин, ки омад, албатта ягон духтари нозанинро келин мекунам, ки барояш шоҳписар зояд! Духтарҳои ту пагоҳ ба шавҳар баромада, хонаи ким-кадом пирхарҳоро обод мекунанду писари ман дар пирӣ танҳо мемонад. Ғами пирии бачаамро ман нахӯрам, кӣ мехӯрад?!

Гумон кардам, ки шавҳари оқилам ба ин ҳарзаҳои модараш дода намешавад, вале хаёлам хом баромад. Пас аз ҳамон гуфтугузор шавҳарам дигар ба мо занг намезадагӣ шуд. Акнун пул фиристодан он тараф истад, ҳатто намепурсид, ки зану фарзандонаш зиндаанд ё мурда! Рафтори писараш хушдоманамро шердилтар кард ва рӯзе бо ғазаб ману духтаронамро аз хонаи бо муҳаббат обод кардаам берун намуд. Бо умеди ёфтани кору сарпаноҳ ба сад дар сар халондам, вале дар ин кишвари мусалмонӣ касе нагуфт, ки биё дасти ҳамин зани бечораю тифлакони дарбадарашро барои савоб бигирам. Азобу хориҳои зиёд кашида бошам ҳам, нашикастам, баръакс пеши худ қарор додам, ки мисли қаҳрамони «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромӣ то охир барои зиндагии хушбахтонаи худу фарзандонам мубориза мебарам. Ба ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамроз» муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳоямро барои нафақа омода сохтам, сипас барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ назди раиси ноҳияамон даромадам. Тариқи радиои «Садои Душанбе» мушкилоти зиндагиамро ба саҳми роҳбарон расонда соҳиби замин шудам ва сохтмони хонаамро сар кардам. Итминони комил дорам, ки бо мадади Худованд ва дониши андӯхтаам ҳеҷ гоҳ худу фарзандонамро дар зиндагӣ хору зор шудан намемонам. Аз ин хотир ба ҳама духтарони наврасу ҷавон гуфтаниям, ки бештар хонанд ва касбу кор омӯзанд, то дар зиндагӣ хору зор ва ба касе мӯҳтоҷ нашаванд. Ба шавҳарон гуфтаниам, ки ваъдаҳои ҳангоми хондани хутбаи никоҳ додаатонро фаромӯш накарда, зану фарзандони хешро ҳимоя намоед ва нагузоред, ки касе азизони шуморо таҳқир намояд ё сарсону саргардон созад. Ман медонам, ки шавҳарам ману фарзандонашро дӯст медорад, вале ба хотири наранҷонидани модараш наомада истодааст. Тариқи ҳафтаномаи “Оила” ба шавҳарам гуфтаниам:

-Мардакҷон, акнун мо хонаи худро дорем ва ба модарат мӯҳтоҷ нестем. Барои ману духтарҳоят танҳо як чиз намерасад-дидори гарми ту! Баргарду мардона моро соҳибӣ кун, мардак!                    

Бо эҳтиром Лутфия

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД