gazprom august 2025
Мунтахаби Тоҷикистон аввалин ғалабаро дар Ҷоми миллатҳои CAFA-2025 ба қайд гирифт
39

Дирӯз, 1-уми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Афғонистон бозии худро дар Ҷоми милатҳои CAFA-2025 анҷом дод, ки дар дақиқаи 24-уми бози миллипӯши кишвар Эҳсони Панҷшанбе аввалин голи бозиро аз зарбаи 11-метра ба самар расонид.

Дар лаҳзаҳои охири бозӣ, аниқтараш дар вақти илова додаи довар бозингари мунтахаби Тоҷикистон Шервонӣ Мабатшоев голи дуюми дастаро ба дарвозаи мунтахаби Афғонистон ворид кард. Дар натиҷа тими мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз омада, аввалин ғалабаи худро дар мусобиқаи Ҷоми милатҳои CAFA-2025 ба қайд гирифт.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 4-уми сентябр бо дастаи мунтахаби Эрон бозии худро мегузаронад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД