Дастаи мунтахаби занонаи то 17-солаи Тоҷикистон бозии аввалини худро дар даври интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими Урдун мусовӣ анҷом дод.
Вохӯрӣ дар гурӯҳи «А» дар варзишгоҳи «TALCO»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. Ҳамин тавр, мунтахаби Тоҷикистон як имтиёз ба даст овард.
Ҳарифони навбатии футболбозони тоҷик дастаи Кореяи Ҷанубӣ мебошанд. Кореяи Ҷанубӣ дар бозии қаблии худ бар мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби бузурги 16:0 пирӯз шуда буд. Бозии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар идомаи марҳалаи интихобӣ баргузор мешавад.