sebiston july new
Муҳоҷират зиндагиамро вайрон кард
3950

 

Дар 17 - солагӣ маро ба як хеши падарам хонадор карданд. Ростӣ, якдигарро дӯст медоштему "Лайли" - аш будам. Баъди чанд соли зиндагии якҷоя соҳиби ду духтарчаи дустрӯяк шудем, ки ба зиндагиамон шодӣ зам карданд. Хушбахтии оилаамон канор надошт. Фарзандонамон бомаром калон мешуданду муҳаббати ману шавҳарамро мустаҳкам мекарданд.Вале ин дер давом накард.

Рӯзе шавҳарам аз ҷӯраҳояш сердаромад будани кор дар Русияро шунавида ниятҳои пештараашро пурра иваз кард. Бегоҳӣ саросема ба хона омаду аз падараш рухсат талабид ва рафта чипта харид. Рафтанашро тамоман намехостам, чунки тоқати ҷудоӣ аз ӯро надоштам. Пеш аз рафтанаш ваъда дод, ки баъди шаш моҳ ҳатман ба хабаргириамон меояд.

Чипта харида рафту баъди 2 руз занг зада, аҳволпурсӣ кард. "Ман соқу саломат расидам. Аҳволам хуб аст, хавотир нашавед. Боз занг мезанам", - гӯён телефонашро хомӯш кард. Ҳамин тавр, 3 - 4 моҳи аввал кораш хуб буду тез - тез занг мезад, аммо баъди чанде дигар ба телефонамон ҷавоб намедодагӣ шуд.

Фарзандонамон калон мешуданду духтари калонамро ба синфи 1 бурдем. Ҳар рӯз омадани падарашро аз ман пурсон мешуд. Шаб то рӯз сар дар болин монда, гиря мекардам. Фикр доштам, ки шояд бо ӯ фалокате шудааст. Хусурам аз бачаҳои ҳамсоя, ки дар Москва буданд, хохиш кард, то писарашро ёбанд.

Рӯзе ба падараш занг зада, гуфтааст, ки ба наздикӣ меояд. Баъди ин ҳар субҳ то шом бо чашми чор менишастем. Як саҳар наҳорӣ мекардем, ки дар кушода шуд кӯдаконам "дадаҷон", - гӯён фарёд карданд. Аз хурсандии зиёд худро гум кардам.

Ниҳоят шавҳарам ҳам омад. Ӯ омад, аммо дигар он Маҷнуни пешина набуд. Дигар ба гапҳоям гӯш намедод, ҳатто ба рӯям нигоҳ намекард. Ҳайрон шудам, ки чаро бо ман чунин сард шуда бошад. Дертар ҷавобашро ёфтам. Аз пушти тиреза чақ - чақҳояшро бо ӯ шунидам. Дилашро дар муҳоҷират зани рус не, балки боз як зани тоҷики аз худаш 10 сол калон бурдааст.

Баъди 2 ҳафта боз ба Русия рафт. Ин дафъа бо хайру хуши сард. Дигар на суроғамон мекарду на пул мефиристод. Ин ҳолат наздик ба 4 сол давом кард. Тоқатам тоқ шуду ба хусурам суҳбатҳои телефониашро нақл кардам. Аммо хусурам боварам накард.

Духтаронам мактабро тамом карданд. Яке ба донишгоҳу дигаре ба ҳаёти мустақил рафт. Рӯзи туйи духтари калониам омаду дар маърака худро ҳамчун падари намунавӣ нишон дод. Баъди тӯй боз рафт. Аз рафтанаш 2 сол гузашт. Занг ҳам намезанад.

Бо додаронам маслиҳат карда, худам ба ҷустуҷӯяш рафтам. Дар он ҷо фаҳмидам, ки дар як ҳавлӣ бо ҳамон занаш зиндагӣ мекунад. Аз ӯ 3 писар ва 1 духтар доштааст. Вақте ба хонааш рафтам, маро диду шах шуд. Ба ҷои салом талоқам дод.

Об дар чашмон ба ватан баргаштам. Ба касе чизе нагуфта мегаштам. Ҳамсояҳо “Чӣ шуд?” гуфта, мепурсиданд. “Ҳуҷҷатҳоям хато будаанду маро гардонданд", - гӯён даҳони мардумро мебастам. Намедонм чӣ кор кунам. На ба касе гуфта метавонаму на ба хонаи падарам рафтан мехоҳам. Падару модарам 3 сол мешавад, ки аз дунё гузаштаанду бо зани бародарам зиндагӣ кардан намехоҳам. Чӣ кор кунам, дӯстон?

 

Зулфия

хонандаи “Оила” аз ш. Кӯлоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД