shoh palace
ЯК МАРДИ ТОҶИКРО ДАР РУСИЯ ЗАНАШ БО ТАБАР ЗАДА КУШТААСТ
30.10.2020
Р. Азимӣ
7355

 

Тавре як тан аз дустони муҳоҷири тоҷик Олим Зоиров дар “Фейсбук” навиштааст, ин мард дар шаҳри Нижний Новгороди Русия ба қатл расидааст. Ба навиштаи дусти марҳум Ҷунайдулло Худоёров, Олимро зани русаш бо табар ба қатл расонидааст.

Олим сокини деҳаи Яшми ноҳияи Рашт буда, 38 сол доштаааст ва қабл аз ин ду бародараш низ дар Русия вафот карда будаанд. Худоёров дар мавриди тақдири Олим ва бародарони ӯ менависад: «Ин севумин  писари акои Муродхӯҷа аст, ки дар муҳоҷират ҷон ба ҷонофарин месупоранд.

Қаблан бародаои калонии Олим бо номи Саидбек созиби се фарзанд таваллудаш 1980 соли 2013 дар шаҳри Екатеринбург аз ошёнаи дувуми як бино дар вақти таъмири «фасади» хона ғалтида ба ҳалокат расида буд. Ва соли 2015 бародари хурдии Олим бо номи Амирбек таваллудаш 1984 дар шаҳри Москва аз касали «менингит» ҷон дода буд ва ҷасади беҷони ҳар ду бародари ҷавонмаргро дар зодгоҳашон Яшм ба хок супориданд.

Инак ҷасади беҷони Олим дар сардхона (морг) қарор дорад ва қарор аст рузҳои наздик ба Тоҷикистон интиқол дода шавад…» 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД