Formula july 2024
Муҳоҷироне, ки аз рӯи касбашон кор намекунанд, ихроҷ карда мешаванд
865

Русия дар назди муҳоҷирони меҳнатӣ талаботҳои нав ба нав мегузорад. Дар сурати қабул шудани ҳуҷҷати наве, ки Вазорати меҳнати Федератсияи Россия омода ва пешкаш кардааст, минбаъд муҳоҷироне, ки аз рӯйи касбашон кор намекунанд, аз қаламрави ин кишвар “ депортатсия” карда мешаванд.Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.

Аз ҷумла "Известия" дар такя ба як манбааш дар Вазорати меҳнати Россия навиштааст, ки ин ниҳод ба ҳукумат ҷорӣ намудани ҳуҷҷати навро пешниҳод кардааст, ки ҳуқуқи будубоши муҳоҷиронро дар кишвар тасдиқ менамояд.

Мувофиқи ҳуҷҷати мазкур минбаъд шаҳрвандони хориҷӣ танҳо тибқи дархости ширкатҳо ва корфармоёни мушаххаси Русия ба таври гурӯҳӣ ба ин кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта метавонанд.

Корфармо ӯҳдадор аст, ки тамоми хароҷотҳоро барои корманди хориҷии киро намудааш бар дӯши худ бигирад, вале дар ҷавоб муҳоҷирони меҳнатӣ низ наметавонад баъди ба Русия рафтан ҷойи корашонро иваз кунанд.

Қаблан қисме аз муҳоҷирони меҳнатӣ баъди ба Русия рафтан ду-се моҳ дар ширкате, ки онҳоро киро карда, пули чиптаи ҳавопаймо ва дигар хароҷотҳоро пардохт намудааст, кор карда, баъдан бо баҳонаи кам будани музди меҳнат ба кори дигар мегузаштанд.Бо мақсади нуқта гузоштан ба ин масъала Вазорати меҳнати Россия ҳуҷҷати навро ҷорӣ намуданист, ки ҳавасмандии ширкатҳои корфармро бештар ва муҳоҷирони меҳнатиро ба корфармоён вобаста месозад.

Дар сурати қабул шудани ин ҳуҷҷат минбаъд муҳоҷирони меҳнатие, ки ба таври мутташаккилона ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта бошанд ҳам, аз рӯйи касбашон кор намекунанд, аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ карда мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки бо мақсади баланд бардоштани омодагии касбии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва ба талаботҳои бозори меҳнати Россия ҷавобгӯй гаштани онҳо дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон курсҳои ройгони омӯзиши касбу ҳунарҳои замонавӣ кушода шудаанд.

Шахсоне, ки нияти ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро доранд, метавонанд дар ин курсҳо дар муддати кӯтоҳ касбу ҳунарҳои замонавиро омӯхта, дараҷаи тахассуси худро баланд созанд ва ба осонӣ дар Русия кори хубу сердаромад ёбанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД