Sebiston new 2024 october
Муҳоҷирони 50-соларо ба хизмати ҳарбӣ мебаранд?
2464

Сессияи тирамоҳии Думаи давлатии Россия дирӯз ба кори худ оғоз намуд. Даъват ба хизмати ҳарбӣ, махсусан сафарбарсозии муҳоҷирон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия аз масъалаҳои асосие ба шумор мераванд, ки аз ҷониби депутатҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Яке аз депутатҳои Думаи Давлатии Россия пешниҳод кардааст муҳоҷирони то 50-солае, ки шаҳрвандии Россияро доранд, фавран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шаванд.
Масъалаи ҷалби муҳоҷирон ба хизмати ҳарбӣ дар маркази диққати депутатҳо қарор дорад.

“Гап дар сари он аст, ки собиқ муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бо роҳу воситаҳои гуногун шаҳрвандии Федератсияи Россияро ба даст оварда бошанд ҳам, аксаран ба ватани дуюмашон хизмат карданро аз ёд мебаранд. Муҳоҷирон бештар пас аз 28-солагӣ шаҳрвандии Россияро мегиранд, то аз хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ қонунан раҳоӣ ёбанд”, - менависанд расонаҳои русӣ.

Алексей Журавлев, муовини аввали раиси Кумита оид ба масъалаҳои мудофиаи Думаи Давлатии Россия ҳолати зикршударо нисбат ба “бачаҳои рус” ноодилона меҳисобад.

Журавлев пешниҳод намудааст, ки ба қонун тағйирот ворид карда шуда, собиқ муҳоҷирони меҳнатии то 50-сола, ки шаҳрвандии Федератсияи Россияро доранд, барои хизмати ҳарбӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Россия сафарбар карда шаванд.

"Пешниҳод мекунам хизмати ҳарбӣ барои ҳамаи шахсоне, ки шаҳрвандии Федератсияи Россияро ба даст овардаанд, ҳатмӣ шавад. Барои он ки аз хизмат саркашӣ накунанд, синну соли даъватиро барои ин тоифа (собиқ муҳоҷиронеро дар назар дорад, ки шаҳрвандии Россияро соҳиб шудаанд) то синни 50-солагӣ боло бурда шавад”, - гуфтааст Алексей Журавлев.

Сарвари Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон Валерий Фадеев бар он назар аст, ки шиносномаи шаҳрванди Федератсияи Россияро дар якҷоягӣ бо қайди комиссариати ҳарбӣ ва даъватномаи ҳарбӣ бояд супурд, то касоне, ки шаҳрванди Россия мешаванд, ба таври фаврӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ сафарбар карда шаванд.

Михаил Матвеев, депутат аз ҳизби коммунисти Россия аз дигар ҳамтоёнаш пеш гузаштааст. Матвеев мегӯяд, шахсоне, ки аз хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия саркашӣ мекунанд, шаҳрвандиашон бояд бекор карда шавад. Матвеев ҳатто лоиҳаи қонунро барои маҳрум сохтан аз шаҳрвандӣ ба Думаи Давлатӣ пешниҳод намудааст.

Сарвари Кумита оид ба масъалаҳои мудофиаи Думаи Давлатии Россия Андрей Картаполов мехоҳад ба қонунҳои ҷорӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, дар Россия барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шавад.

Ҳамаи ин пешниҳодҳо аз ҷониби Думаи Давлатии Россия қабул карда мешаванд ё не, ҳанӯз маълум нест, вале вазъи шаҳрвандони хориҷӣ, махсусан зодагони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия рӯз то рӯз вазнинтар шуда, муҳоҷирбадбинӣ ва нафрати ошкоро ба мардуми ғайри славянӣ афзоиш ёфта истодааст. Оқибати ин миллатгароӣ чи мешавад, маълум нест....

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД