Arzon march 2024
Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар Душанбе аз дактилоскопия гузаранд
728

 

Салом! Исматулло ҳастам, сокини шаҳри Ҳисор. Мехоҳам ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ равам. Мегӯянд, ки қонунҳои муҳоҷиратии Россия ба пуррагӣ нав шудаанд.

Метарсам, ки мабодо манъи вуруд надошта бошам. Барои фаҳмидани он, ки вуруди шахс ба Федератсияи Россия манъ шудааст ё не ба куҷо муроҷиат кардан лозим аст? Изи ангуштонро дар куҷо мегиранд?
Исматулло аз шаҳри Ҳисор

Посух

Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федеролии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия кушода шуд. Ҳадафи таъсиси намояндагии мазкур анҷом додани як қатор чорабиниҳои омодагӣ, аз ҷумла санҷиши манъи вуруд ба Русия ва бақайдгирии изи ангуштон мебошад. Акнун сокинони кишвари мо имкон доранд, ки дар дохили ҷумҳурӣ аз бақайдгирии изи ангуштон-дактилоскопия ва санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Федератсияи Россия гузаранд.

“Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Россия дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар суроғаи кӯчаи Айнӣ 121воқеъ гаштааст. Ин бисёр қулай буда, имкон медиҳад, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик вақти худро сарфа намуда, бидуни ягон мушкилӣ барои сафари корӣ ба Федератсияи Россия дар Ватан аз санҷишҳои зарурӣ гузаранд.

Айни замон намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду ҷониб ҷиҳати ба роҳ мондани гузаштани муоинаи тиббӣ, супоридани имтиҳонҳо, гирифтани маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи барномаҳои Федератсияи Россия дар Тоҷикистон корбарӣ карда истодаанд. Албатта ҳамаи ин барои гирифтани патент ва фаъолияти қонунии шаҳрвандони мо дар ҳудуди Федератсияи Россия заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД