Sebiston new 2024 october
Муҳоҷиронро барои бе патент кор кардан ихроҷ мекунанд
890

Кормандони пулиси Новосибирск дар якҷоягӣ бо Росгвардия дар анборҳо ва дигар нуқтаҳое, ки муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекунанд, амалиёт гузаронида, боз чанд ҳолати буду боши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷиро дар ин минтақа ошкор намудаанд.

Дар рафти ин амалиёт анборҳо ва дигар нуқтаҳои буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ санҷида шуда, зиёда аз 20 ҳолати қонуншиканӣ аз ҷониби муҳоҷирон ошкор карда шудааст. Дар ин бора rambler.ru иттилоъ дода дар такя ба маълумоти пулиси минтақа навишааст:

“Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қонунӣ будан ё набудани буду боши 194 нафар муҳоҷирони меҳнатиро санҷида, ҳолатҳои зиёди қонуншиканиро аз ҷониби шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин минтақа кор мекунанд, ошкор карданд. Аз ҷумла нисбати 10 нафар муҳоҷирон бо моддаи.18.8 КоАП РФ барои вайрон кардани қоидаҳои буду бош дар қаламрави Федератсияи Россия протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, шахсоне, ки қонунҳои Россияро вайрон карда буданд, ба боздоштгоҳи муввақатӣ бурда шуданд. Онҳо аз қаламрави Россия ихроҷ карда мешаванд.”

Гуфта мешавад, ки ҳамчунин нисбати 13 нафар барои бе патент кор кардан протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.

Ҳамин тавр дар маҷмӯъ зиёда аз 20 нафар муҳоҷирон баъди ин амалиёт аз қаламрави Россия “депортатсия” карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД