sebiston july new
Мувофиқати марду зан аз рӯйи ранги мӯй
3021

Барои муайян сохтани он ки оё шумо бо ҷавони дӯстдоштаатон мувофиқ ҳастед ё не, бояд ранги мӯйи худатонро ба назар гиред, на мӯйи рангкардаро. Мӯятонро ранг накарда бошед, бодиққат бошед.

Арӯси мӯяш қаҳваранг-домоди мӯяш қаҳваранг
Бо сабаби норасоии дурандешӣ пайваста байнатон муноқиша мехезад. Гузашт карданро наомӯзед, ба зудӣ ҷудо мешавед.

Арӯси мӯяш қаҳваранг-домоди мӯяш сиёҳ
Хафагиву дилозурдагӣ зуд-зуд меҳмони кошонаи шумо мегардад, вале бо вуҷуди ҳамаи нофаҳмиҳо зиндагиро идома медиҳед.

Арӯси мӯяш қаҳваранг-домоди зардинамӯй
Дар пайванди шумо ҷангу ҷанҷол баногаҳ рух медиҳад ва рафъ намуданаш басо заҳматталаб аст. Хушбахтии оилавӣ бо осонӣ ба даст намеояд, бояд сабур буданро омӯзед.

Арӯси мӯяш қаҳваранг ва домоди малламӯй
Издивоҷи шумо мустаҳкам ва хушбахт мешавад, ба вафодории якдигар шубҳа накунед.

Арӯси мӯйсиёҳ ва домоди мӯяш қаҳваранг
Шумо ҳарду инҷиқ ва худхоҳ ҳастед. Нисбати якдигар сабру таҳаммулро пеша намоеду бештар бо шӯхиву ханда тирагиҳоро бартараф созед, оилаатонро аз парокандагӣ ҳифз менамоед.

Арӯси мӯйсиёҳ ва домоди зардинамӯ
Ҳар ду ҳам хислати бадҷаҳлӣ доред, вале дар зиндагӣ ба дурӯягиву мунофиқӣ роҳ намедиҳед. Аз шумо зану шавҳари хуб мебарояд.

Арӯси мӯсиёҳ ва домоди малламӯй
Муносибатҳоятон чандон хуб намешавад. Дар чунин никоҳ бештар мард дар азоб мемонад. Рафту дили якдигарро ба даст оварда тавонед, рӯзгори хубу осоишта насибатон мегардад.

Арӯси сиёҳмӯй ва домоди сиёҳмӯй
Арӯсу домоди мӯйҳояшон якхела бо ҳам созиш карда наметавонанд. Ҳар ду ҳам аз рашку нобоварӣ раҳоӣ ёфта наметавонанд.

Табхол дар лаб аксаран бар асари сардиву шамолхӯрӣ пайдо мешавад. Табибони мардумӣ тавсия медиҳанд, ки табхолро бо истифода аз гиёҳҳои табобатӣ муолиҷа намоем.

 


7ykws3vtU25jKnbnoqAsiMZDTr8ZciDgNAmc93r8

Арӯси зардинамӯ ва домоди мӯсиёҳ
Зиндагии ин ду нафар мисоли вулқон аст. Хеле каманд зани зардинаю марди сиёҳмӯе, ки зери як бом зиста тавонанд.

Арӯси зардинамӯ ва домоди мӯяш қаҳваранг
Байни шумо ҳамеша ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо аст. Новобаста аз пасту баландиҳои зиндагӣ хушбахт мегардед.

Арӯси зардинамӯ ва домоди зардинамӯ
Муносибатҳоятон олиҷанобанд! Дар зиндагӣ хушбахт мешаведу барои нигоҳ доштани рӯзгори осоишта кӯшиш менамоед.

Арӯси зардинамӯ ва домоди сиёҳмӯй
Шумо умуман бо ҳам созиш карда наметавонед. Ситораҳоятон ба ҳам мувофиқ нестанд.

Арӯси малламӯй ва домоди мӯяш қаҳваранг
Нофаҳмиву баҳсу мунозира мекунед, вале ҳамааш хуб анҷом ёфта, рӯзгори хуш насибатон мегардад. Шавҳаратон аз тамоми ҳолатҳои ногувор баромада метавонад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД