Намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Русия кушода мешавад
174

Тоҷикистон ва Русия бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо дар самти амнияту бехатарӣ ва идора намудани раванди муҳоҷират дар кишварҳои ҳамдигар намояндагиҳои ниҳодҳои амниятӣ ва муҳоҷиратии худро боз хоҳанд кард.

Тибқи иттилои ТАСС, президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар ин бора аллакай ҳуҷҷатҳои заруриро имзо намудааст.

Дар санад омадааст, ки “пешниҳоди Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи имзои Созишнома миёни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” оид ба ин масъала қабул карда шавад.

Ба ин тартиб, ҷониби Русия дар Душанбе намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русияро боз мекунад. Тоҷикистон дар навбати худ дар шаҳри Маскав ду намояндагӣ таъсис хоҳад дод: яке барои Вазорати корҳои дохилӣ ва дигаре Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Сохторҳои нав алайҳи ҷиноятҳои фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир мубориза бурда, дар самти муҳоҷират низ ҳамкорӣ мекунанд. Фаъолияти намояндагиҳо таҳти назорати умумии сафоратхонаҳои ду кишвар сурат мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД