arzon replenishment
Нашъамандон ва гирифторони СПИД-ро минбаъд ба Русия роҳ намедиҳанд?!
1451

Муҳоҷирон бояд боз ду ҳуҷҷати дигар бигиранд
Муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия ва буду бош дар ин кишвари азим рӯз то рӯз душвортар мегардад. Бар замми ҳуҷҷатҳои зиёде, ки барои сафар ба сарзамини паҳновари рус ба мардикорон зарур буданд, аз ин пас аз муҳоҷирони меҳнатӣ боз доштани ду шаҳодатномаи тиббии дигар талаб карда мешавад, ки дар онҳо гирифтор набудан ба бемориҳои нашъамандӣ ва ВНМО тасдиқ ёфта бошанд.
Қарор дар бораи ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод намудани шаҳодатномаҳои мавҷуд набудани сирояти ВНМО аз ҷониби муҳоҷирони корӣ метавонад бар асоси лоиҳаи таҳия кардаи ин ниҳод аз 29 –уми декабри соли 2021 иҷро шавад,- хабар додааст Спутник. тҷ
Дар баробари ин, минбаъд аз муҳоҷирон ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки зиёда аз 90 рӯз дар Русия зиндагӣ менамоянд, ҳуҷҷатҳои тиббии тасдиқкунанда, ки воқеан ҳам нашъаманд нестанд, талаб карда мешаванд.
Ин шаҳодатномаҳоро шаҳрванди хориҷӣ бояд ба шуъбаи муҳоҷират пешниҳод намоянд, муҳоҷирон бошад шаҳодатномаҳоро ба корхона ва ё ташкилоти ваколатдор месупоранд. Шаҳодатномаҳоро ҳамчунин метавон дар шакли ҳуҷҷати электронӣ бо истифода аз "Госуслуг" ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия фиристод. Қобили зикр аст, ки дар давоми як шабонарӯз муҳоҷир дар бораи қабул шудани шаҳодатномаи пешниҳод кардаи худ огоҳиномаи электронӣ мегирад.
Шаҳрвандони хориҷӣ бояд ҳуҷҷатҳои тиббии номбаршударо дар давоми 30 рӯз аз рӯзи ба охир расидани мӯҳлати шаҳодатномаҳои қаблан дода шудаи тасдиқкунандаи гузаштан аз муоинаи тиббӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод намоянд.
Дар сурати ба синни 18 нарасидан ё аз ҷониби суд ғайри қобили амал эътироф шудани шаҳрванди хориҷӣ ин ҳуҷҷатҳоро волидайн ва ё сарпарастони онҳо пешниҳод мекунанд.
Гуфта мешавад, шаҳодатномаҳои мавҷуд набудани ВНМО ва нашъамандӣ ба забони хориҷӣ бояд ба забони русӣ тарҷума шуда, тасдиқи нотариалӣ дошта бошанд.
Ҳама маълумот дар бораи гирифтани ҳуҷҷатҳои тиббӣ ба системаи иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Русия ворид карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД