formula
НЕКӢ КАРДЕМУ ДАР БАЛО МОНДЕМ (ВИДЕО)
16.02.2021
Р. Азимӣ
3039
НЕКӢ КАРДЕМУ ДАР БАЛО МОНДЕМ (ВИДЕО)


Шикояти сокини ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода Шоабдураҳмон Муҳаммадиев моро маҷбур намуд, ки роҳи деҳаи Гаравро пеш бигирем. Аз сӯҳбат бо аҳли хонадон маълум гашт, ки хатари аз хонаву дари худ бе насиб гашта, тамоман дар кӯча мондан ин оилаи калонро домангир гаштааст. Ба гуфти аҳли оила ҳанӯз 14 сол қабл, аниқтараш соли 2007 Эргашев Абдуҷаббор ном шахс ба дили Бобоев Шоҳсайфиддин, падари ин хонавода роҳ ёфта, ӯро розӣ кунонидааст, ки бо номи худаш аз бонк ба ӯ қарз гирифта диҳад. Бехабар аз он ки некӣ карда, ба гирдоби бало гирифтор мешавад, Бобоев ба суханони ин мард бовар намуда, аз бонк ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ қарз мегирад ва пулро ба Абдуҷаббор эргашев медиҳад, аммо...

Эргашев ваъда дода буд, ки қарзи бонкро бо фоизҳояш пардохт менамояд, вале баъди гирифтани пул ӯ ғайб мезанад. Аҳли оила маҷбур мешаванд, ки фоизҳои қарзи бонкро пардохт намоянд. Пас аз кашмакашиҳои зиёд Эргашевро пайдо мекунанд ва дар шоҳидии кормандони бонк ӯ забонхат медиҳад, ки дар ҳақиқат маблағи 65 ҳазор сомониро гирифтааст, вале баъди он ки падари Шабдураҳмон Шоҳсайфиддин Бобоев аз дунё гузашт, ин мард пӯстинашро чаппа пӯшида, аз бар гардонидани пул саркашӣ мекунад. Эргашев мегӯяд вай пулро кайҳо ба Бобоев бар гардонида буд, дар ҳоле, ки на ягон шоҳид дорад ва на забонхат.

Ҳамин тавр бар ивази некии падар аҳли оила ба моҷарои бе сару нӯге рӯ ба рӯ гаштаанд, ки 14 сол боз ҳаёташонро ба дӯзах табдил додааст. Рӯзе нест, ки кормандони бонк ба онҳо занг зада, тезтар холӣ кардани хонаро талаб накунанд.

“Аз пуле, ки падарам аз бонк гирифтааст, мо ҳатто як сомониашро надидаем, вале маҷбур шудем, ки чанд сол худамон нахӯрдаву напӯшида ба ҷойи касе, ки пулро дар асл ӯ сарф кардааст, фоизҳои қарзро пардохт намоем. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, акнун бар ивази он маблағе, ки ҳатто як тинашро мо нахӯрдаем, бонк хонаву дарамонро кашида гирифтанист. Мо, се оилаи калон ба куҷо равем?” мегӯянд аҳли хонавода.

Умедворам, ки доди аҳли ин оила ба гӯши мақомотҳои дахлдор мерасад ва чигили ин муамморо боз намуда, ҳақро ба ҳақдор мерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД