Баробари фаро расидани моҳи мубораки Рамазон дар бозору мағозаҳои Тоҷикистон бӯйи ширинии машҳур - нишолло эҳсос мешавад. Ин ширинӣ солҳост, ки ба қисми ҷудонашавандаи дастурхони саҳариву ифтории Рамазон табдил ёфта, миёни мардум маҳбубияти хос дорад.
Нишолло на танҳо дар моҳи Рамазон, балки дар тӯю маъракаҳои мардумӣ низ ҷойгоҳи хос дорад. Бо вуҷуди ин, маҳз дар моҳи шарифи Рамазон талабот ба он бештар мегардад, зеро онро ғизои сабук ва нерӯбахш медонанд.
Нишоллопазӣ ҳунари нозуку заҳматталаб аст. Барои тайёр кардани он тақрибан 3-4 соат вақт сарф мешавад. Аз муҳимтарин шартҳои нишоллопазӣ тозагӣ ва эҳтиёткорӣ мебошад. Деге, ки дар он нишолло пухта мешавад, бояд комилан нав ва покиза бошад. Ба дег набояд ҳатто заррае равған расад, дар акси ҳол, сифати нишолло вайрон мешавад.
Дар таркиби нишолло гиёҳе бо номи “Аллоҳрӯзӣ” истифода мегардад. Ин гиёҳ пас аз ҷӯшонидан ва тайёр кардани шарбати махсус бо шакар омехта шуда, то ҳосил шудани он кафк зада мешавад. Маҳз ҳамин раванди тӯлонӣ ба нишолло намуди зебо ва таъми хос мебахшад. Кафкро тавассути "чилчӯб" мезананд, ки аз бастаи чӯби дарахт иборат аст.
Нишолло баробари ширинии лазизу зеби дастархон будан хусусиятҳои шифобахшӣ низ дорад. Он баъзе микробҳоро дар меъдаву рӯда коҳиш дода, баром беҳтар шудани узви ҳозима мусоидат менамояд. Азбаски муҳлати нигоҳдории он то шаш моҳ арзёбӣ мешавад, дар шароити дуруст метавонад муддати тӯлонӣ сифаташро нигоҳ дорад.
Ҳамин тавр, нишолло яке аз шириниҳои қадимӣ ва дӯстдоштаи мардуми тоҷик ба шумор меравад. Он на танҳо як ғизои лазиз, балки қисми муҳими фарҳангу суннатҳои миллӣ мебошад. Ҳунари нишоллопазӣ аз кас тозагӣ, сабр ва маҳорати баландро талаб мекунад ва то имрӯз ҳамчун мероси арзишманди миллӣ ҳифз гардидааст.
Абдуғаффор ШОДИЕВ