Commerce bank may-june 2026
Нома ба шавҳар (ҚИСМИ 2)
184

... Ёд дорӣ, вақте тамоми пулҳои ҷамъкардаамро аз дастам кашида гирифта, боз аз бонк қарз карда, мошинаки шалақе харидӣ, гуфтам, ки додош, хубтар мешуд хонаамонро кушодтар кунем, кӯдакон калон шудаанд. Ту маро он қадар латукӯб кардӣ, ки як ҳафта болои ҷогаҳ будам, дарди сар аз ҳамон вақт маро ёр шуд. Дигар пишакатро пишт намегуфтам...

Писарам донишгоҳро хатм карду бо дониши худаш ба яке аз донишгоҳҳои Маскав дохил шуд. Додарам, ки шаҳрванди Руссия аст, ӯро зери сарпарастии худаш гирифт, духтарам ба коллеҷи тиббӣ шомил шуд. Ту акнун рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, номзади илм шуда будӣ ва бурутатро табар намебурид. Аз ман шарм медоштӣ, зеро мани харобаки сип-сиёҳи назарногир гӯё зеби туро надоштам.

Маҷбурам мекардӣ, ки рафта мӯятро зард кун, мижгон часпон, абрӯвонатро татуаж намо. Ман ба хотири оромии хонавода ин корҳоро кардам, аммо ба як лӯхтаки кӯҳна монанд шудам. Худам аз афтам шарм медоштам, вале илоҷ надоштам…

Ту ҳамеша таънаам мекардӣ, ки ман туро ба шаҳр оварда, одам кардам, сари зарду мижгонҳои ориятиву қошҳои холӯубӣ кардаи ман ба қавли ту одамгарӣ буданд. Хононданат ҳам ба фоидаи худат буд, зеро бори зиндагии оилавӣ ба гардани ман буд. Ману фарзандонам сарқути кӯдакони мардумро мехӯрдему ту катагӣ мекардӣ, аз худат касе метарошидӣ, ки дар сад сол набудӣ. Дарди сарам авҷ гирифт, ба духтурам бурдӣ, “дар вақташ зарб хӯрдааст, устухони сар кафида будааст, аз ҳамон сабаб дард мекунад”,- гуфт духтури пиронсол. Хеле табобат кардем, ҳолам каме беҳтар шуду духтарамро ба шавҳар додем. Бояд бигӯям, ки духтарам дар характер мисли як себи ду кафон ба ту монанд аст. Ҳавобаланди намешуданӣ, тарбияи ман ба вай асаре накард. Ӯ як ронандаи таксиро, ки аз зани аввалаш ҷудо шуда, даҳ сол аз худаш калон буд, ошиқ шуда, ба вай расид. Ту ошиқии ӯро низ бори ман карда, дилу ҷигарамро хӯрдӣ ва ман боз бемор шудам, дарди шадиди сар ин дафъа тоқатфарсо буд. Болои ин, духтарам бо хушдоманаш рост нагирифта, бо шиками дамида ба хона баргашт. Ту назди хонаводаи домод рафта зорӣ кардӣ, вале гапат нагузашт. Баъд аламатро аз ману духтарат мегирифтагӣ шудӣ. Май нӯшида меомадиву хонаро ба сарат мебардоштӣ. Бемории ман хурӯҷ карду духтур ташхиси даҳшатноки омоси бадфиоли мағзи сар гузошт. Якуним сол пайи табобати ман чун мурғи пойсӯхта медавидӣ, аммо ман худам хаста шудаам. Аз ту, аз худам, аз зиндагӣ ва мубориза кардан намехоҳам.

Духтур ҳам дирӯз гуфт, ки агар шумо нахоҳед, аз табобатҳои мо фоидае нест. Акнун соатҳо пеши рӯям менишинию тасаллоям медиҳӣ, ҳарфҳои ширин мегӯӣ, аммо афсӯс, бовари маро кайҳо ту куштаӣ!

Хиёнатҳои пайвастаат, ки гумон мекардӣ ман намедонам, латукӯбат, бадзабоният, паст заданҳоят, таҳқирҳоят маро куштанд, мардак!

Ман рӯзномае дорам, ки ҳамаи ин он ҷо дарҷ ёфтааст, баъди навиштани ин мактуб дафтарамро месӯзам, яъне ҳама розамро бо худ ба гӯр мебарам.

ПАРӢ,

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД