Олимони Ҳиндустон дар баҳри Араб як шаҳри зериобиро кашф кардаанд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, беш аз 12 ҳазор сол умр дорад. Ин яке аз куҳантарин шаҳрҳои машҳур дар сайёра буда, қадимитар аз тамаддуни Ҳараппа ва ҳатто пирамидаҳои Миср мебошад.
Харобаҳои шаҳр дар наздикии соҳили иёлати Гуҷарат, дар қаъри баҳр, дар умқи 40 метр пайдо шудаанд. Муҳаққиқон бо истифода аз дронҳои зериобӣ ва камераҳои махсуси наворбардорӣ манзараҳои аҷиби шаҳрро наворбардорӣ кардаанд. Платформаҳои ғайриоддии дақиқи росткунҷа ва даврашакл, хатҳое, ки ба кӯчаҳо монанданд ва хиёбонҳои шаҳр дар ин наворҳо хеле равшану возеҳ тасвир ёфтаанд ва собит месозанд, ки ин ҳама бо роҳи табиӣ худ аз худ пайдо нашудааст, балки самари ақлу ҳунари одамизод буда, шаҳри хеле қадимаест, ки зери об мондааст.
Муҳаққиқони Институти миллии уқёнусшиносии Ҳиндустон мегӯянд, ки симметрия ва геометрияи ин иншоот пайдоиши табиии онҳоро истисно мекунанд. Олимон боварӣ доранд, ки ин шаҳраки бостонӣ дар натиҷаи болоравии сатҳи баҳр пас аз давраи охирини яхбандӣ зери об мондааст.
Бозёфти мазкур метавонад фаҳмиши моро дар бораи рушди тамаддун дар Осиёи Ҷанубӣ ва тамоми ҷаҳон ба куллӣ тағйир диҳад.