35 years of independency
Олмон ҳамшираҳои шафқати тоҷикро ба кор даъват кардааст
122

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамшираҳои шафқатеро, ки забони немисиро медонанд, ба кор дар Олмон даъват намудааст.

Ба Олмон занону духтароне фиристода мешаванд, ки дорои маълумоти тиббӣ (ҳамшираи тиббӣ) буда, собиқаи на камтар аз дусолаи корӣ доранд.

Талаботи асосӣ ба довталабон инҳоянд:

1. Доштани дипломи тиббӣ аз рӯйи ихтисоси ҳамшираи шафқат.

2. Собиқаи корӣ аз 2 то 3 сол.

3. Донистани забони олмонӣ дар сатҳи B2.

4. Доштани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсилот ва таҷрибаи корӣ.

Маош аз 2 400 евро дар як моҳ оғоз мешавад.

Хоҳишмандон барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо метавонанд дар рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 17:00 ба Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират ҷойгир аст, муроҷиат намоянд:

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 121

Телефон: 225-05-75

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД