arzon november
ОРЗУИ УМЕДАРО КӢ АМАЛӢ ГАРДОНД? (ВИДЕО)
1021
ОРЗУИ УМЕДАРО КӢ АМАЛӢ ГАРДОНД? (ВИДЕО)

Хандаи холаи Фотима ва Умедаи 16 сола ин дафъа фарқ дошт. Зеро пас аз 16 соли бехонагӣ ва дар ба дарӣ онҳо аввалин маротиба худро дар хонаи шахсиашон роҳат ҳис мекарданд.

Чор моҳ қабл онҳо ба идораи сомонаи Оила занг зада, хоҳиш карданд, ки зиндагии онҳоро рӯи навор биёрем. Маҳз навори паҳнгардида сабаб гашту ин хонавода, бо дастгирии соҳибкори тоҷик акаи Шарифҷон соҳиби манзили зист гаштанд. Хона бо сифати баланд таъмир карда шуда,рӯзҳои наздик, бо тамоми таҷҳизоти рӯзгор, аз ҷумла, яхдон, тафдон, кондисанер, телевизеор, компютер, ҷевон барои ошхона, курпаю болиш, дегу табақу коса ва дигар маҳсулоти лозимӣ муҷаҳаз менамояд. Дар баробари ин, акаи Шарифҷон ваъда додааст, ки Умедаро барои шомил шудан ба дилхоҳ донишгоҳ кумак хоҳад кард. Соҳиби манзили зист шудан дар 30-умин солгарди истиқлолият беҳтарин туҳфаест барои ин оилаи ниёзманд. Фотима ду даст бар дуо талаб дорад, ки сафи чунин хайрхоҳон зиёд гашта, бехонаҳо бо дастгирии мисли акаи Шарифҷон соҳиби манзили зист шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД