arzon replenishment
Ҷойҳои кории холӣ дар Русия барои муҳоҷирон
719

Бо мақсади ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар пайдо намудани кор дар хориҷи кишвар ёрии амалӣ расонидан, сомонаи "Оила" рӯйхати ҷойҳои холии кориро, ки ширкатҳои расмии бо интиқоли муҳоҷирон сару кор дошта пешниҳод менамоянд, нашр мекунад.

Аз ин силсила номгӯйи ҷойҳои кориро дар Русия манзуратон мегардонем, ки ҶДММ “Шариф-асри нав” пешниҳод кардааст.
Телефон барои тамос: 888884300 - Суҳроб Тошев, директори ҶДММ “Шариф-асри нав”.

1. Боғбонҳо дар пгт Зарински шаҳри Барнаули Русия

Синну сол: аз 20 то 45-сола. Пули чиптаи ҳавопаймо аз Душанбе то Барнаул ва маблағи патентро корфармо пардохт мекунад. (Бо боздоштан аз музди меҳнат) Кормандон бо ҷойи зист ва хӯроки гарм аз ҳисоби корфармо таъмин карда мешаванд. Аз ҷойи зисто то ҷойи кор кормандонро автобуси корхона бурда меорад. Шарнома ба мӯҳлати 1 сол баста мешавад. Вақти корӣ: 12 соат, аз 8.00 то 20.00. Музди меҳнат: 1900 рубл дар як рӯз.

2. Кор дар фабрикаи паррандапарварии шаҳри Краснодар

Вазифаҳо: Бор кардану фаровардани бор ва бастабандии маҳсулот, коркарди гӯши мурғ ва ғайра. Роҳкиро ва патент аз ҳисоби корфармо бо бодоштан аз музди меҳнат. Арзиши ҳармоҳаи патент 6810 рубл. Кормандон бо хобгоҳ ва хурду хӯрок таъмин карда мешаванд. Реҷаи корӣ: 6/1, як ҳафта шабона ва як ҳафта рӯзона кор мекунед. Басти корӣ: 12 соат+1 соат хӯроки нисфирӯзӣ. Музди меҳнат: моҳи аввал 45000 рубл, баъдан то 49000 рубл зиёд карда мешавад.

3. Устои арматур ва формировшикҳои маҳсулоти оҳану бетонӣ дар заводи бетонбарории шаҳри Барнаули Русия

Маблағи роҳкироро худи корфармо пардохт мекунад (бо боздоштан аз музди меҳнат) Синну сол аз 20 то 45 сола.
Кормандон бо ҷойи зист таъмин карда мешаванд, вале хурду хӯрок аз ҳисоби худи коргар. Аз ҷойи зист то корхона кормандонро автобуси корхона бурда меорад. Вақти корӣ: 12 соат, аз 8:00 то 20:00. Реҷаи корӣ: 6/1. Шартнома ба мӯҳлати як сол баста мешавад. Музди меҳнат: 2000 рубл дар як рӯз.

4. Кор дар заводи моҳии шаҳри Смоленск

Коркарди моҳӣ, бастабандӣ, бор кардан ва фаровардани маҳсулот. Синну сол: аз 18 то 35 сола. Арзиши патент 5720 рубл, ин маблағро корхона месупорад. Маблағи чиптаро аз Тоҷикистон то Смоленкс корфармо пардохт менамояд. (Бо боздоштан аз музди меҳнат). Коргарон дар хобгоҳи корхона 3-4 нафарӣ ба таври ройгон зиндагӣ мекунанд. Реҷаи корӣ 6/1, як басти корӣ 12 соат ва 1-соат барои хӯроки нисфирӯзӣ. Музди меҳнат аз 60 000 то 100 000 рубл дар як моҳ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Нарзулло 2023-07-08, 19:14
Санкт-Петербург
Посух
Нарзулло 2023-07-08, 19:15
Санкт-Петербург
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Нарзулло 2023-07-08, 19:14
Санкт-Петербург
Посух
Нарзулло 2023-07-08, 19:15
Санкт-Петербург
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД