formula
Падарам модарамро се талоқ мекунад, агар…
10.05.2020
Р. Азимӣ
2423

 

Падарам тоҷик, модарам рус аст. Падарам инженер буда, дар шаҳри Сочи дар сохтмон кор мекардааст, модарам бошад, зодаи ин шаҳри зебост.

Модари ҷавону зебои маро дида падарам ба қавли худаш «Маҷнуни сонӣ» шуда мемонад ва дигар ин мурғаки зеборо аз доми ишқаш раҳо кардан намехоҳад. Ҳамин тавр онҳо бо амри тақдир зану шавҳар мешаванд. Тақрибан пас аз як соли хонадорӣ падарам бо ваъдаҳои осмонӣ модарамро ба Тоҷикистон ба шаҳри Норак меорад. Пас аз ду моҳи омаданашон ман ба дунё омадаам. Бибию бобо ва дигар хешу табори падарам маро чунон эркаю азиз мекарданд, ки ногуфтанӣ. Аввалҳо ақлам намерасид, ки модарам аз миллати дигар аст, баъдтар ба дурага буданам сарфаҳм рафтам. Ба қавли мардуми деҳот «нимтоҷик» бошам ҳам, забони модариам, яъне русиро қариб, ки намедонистам, зеро дар ҳавлии бобоям ҳама, аз ҷумла модарам ҳам  ба забони тоҷикӣ гап мезаданд. Падарам ба кори дигар гузашта аз шаҳри Душанбе хона харид ва мо ба пойтахт кӯчидем. Барои ман дур мондан аз навозишу меҳрубониҳои бибию амакҳоям басо дардовар аст, болои ин падару модарам аз рӯзи шаҳрӣ шуданашон мудом бо ҳам ҷангу ҷанҷол мекунанд. Модарам дигар тоқати аз падару модар ва хешу табораш фарсахҳо дур зистан надорад ва ду пояшро ба як мӯза андохта, аз падарам талаб карда истодааст, ки ба Сочи кӯч бандем, падарам бошад, аз Тоҷикистон як қадам берун монданӣ нест. Дар ҳоле, ки ҳамаҷо карантин, сарҳадҳо махкам ва касе ба хориҷа рафта наметавонад. Модарам бошад ба хешу ақрабояш занг мезанам омада, ба ҳавопаймои шахсияшон омада маро бо кӯдаконам мебарад, гуфта асаби кайҳа вайроншудаи падарамро вайронтар мекунад. Ҷангу ҷидоли онҳо ба ҷонам задааст, рӯзе нест, ки даст ба гиребон нашаванд.

 

Падарам ба ғазаб омада, қасам хӯрд, ки агар вай бо нияти ба ватанаш баргаштан аз дари хона як қадам берун барояд, модарамро се талоқ хоҳад кард. Росташро гӯям, ман модарамро аз падарам дида бештар дӯст медорам ва зиндагиамро бидуни модар ҳатто тасаввур карда наметавонам, аммо намехоҳам аз ватани азизам Тоҷикистон биравам. Падару модарам ҷудо шуданиянд, ман бошам дар байни обу оташ монда чӣ кор карданамро намедонам. Чораи дигар наёфта ба редаксия муроҷиат намудам, то бо кӯмаки сомонаи Оила волидонамро оштӣ диҳам.

Падарҷон, модарҷон! Ман шумоёнро бениҳоят дӯст медорам! Илтимос, хотири мани фарзанди хурдсолатон аз ҳамдигар ҷудо нашавед! Очаҷон, маро партофта аз хонаамон нарав!

                                                        Тимурҷони 12- сола, аз Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД