arzon replenishment
Пирӯзии бодибилдинги тоҷик дар Корея
1414

Ясмин Ан-Нимр аз Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бодибилдинг дар Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуд ва дигарбора унвони чемпиони ҷаҳонро гирифт.

Бодибилдинги тоҷик Ясмин Ан-Нимр дар мусобиқаи 14-умин чемпионати WBPF 2023 дар музофоти Гангвони Қореяи Ҷанубӣ дар вазни то 75кг байни занон сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Дар ин бора худи варзишгар дар сториси Instagram-аш хабар дод, ки дӯстон ва ҳамкорон ӯро табрик мекунанд.

Мусобиқа 6 ноябр оғоз гардид ва он то 12 ноябр давом меёбад. Ясмин Ан-Нимр як бадансози арабзабон аст, ки Тоҷикистонро ватани худ медонад ва парчами ҷумҳуриро дар хориҷи кишвар бо ифтихор баланд мекунад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 ин бадансози тоҷик дар мусобиқаи 13-умин чемпионати WBPF 2022 дар Пхукет, Тайланд қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД