Arzon march 2024
Португалия бе Роналду ғалабаи таърихӣ кард
1015

Ситораи маъруфи футбол Криштиану Роналду пеш аз муҳлат тими миллии Португалияро тарк кард.

Ӯ дишаб ба Арабистони Саудӣ баргашт ва акнун бозиҳояшро дар ҳайати “Ан-Наср”-и Саудӣ идома медиҳад. Онҳо 16-уми сентябр бо “Ал-Раед” вомехӯранд.

Сабаби пеш аз муҳлат тарк кардани даста шумораи зиёди кортҳои зарди варзишгар мебошад, ки дар ҳоли зам шудан ӯро аз ҳуқуқи идомаи бозиҳо маҳрум мекард. Ӯ бо сабаби зиёд будани кортҳояш дар бозии даври интихобии "Евро-2024" бо тими миллии Люксембург иштирок накард.

Дар бозии пешини мунтахаби Португалия бо Словакия Роналду ҳангоми задани зарба бо пойяш ба рӯи дарвозабони ҳариф зада, корти зард гирифта буд.

Сармураббии тими миллии Португалия дар бораи бузургтарин ғалабаи бидуни Криштиану Роналду гуфт, ҳарчанд Криштиану ҷузъи муҳимтарини даста аст, аммо тим омода аст, ки бидуни Криштиану ғалаба кунад.

Бидуни ҳузури Криштиану Португалия бузургтарин пирӯзии худро дар таърих дар бозӣ бо Люксембург ба даст овард. Онҳо тавонистанд бо ҳисоби бузурги 9:0 Люксембургро шикаст диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД