formula
ПӮСТИ АНОР ШИКАМДАРДРО МАНЪ МЕКУНАД?
24.04.2021
Оила
1637


Ман модари ду фарзандам. Кӯдаконам мисли ҳама бачаҳо тез-тез шикамдард мешаванд. Дору медиҳам, ба духтур бурда сӯзандорӯ мегузаронам, хуллас ташвиши бисёре ба бор меорад бемориашон. Шавҳарам маро таъна зада мегӯяд: “Ту чӣ хел занак ҳастӣ, ки ягон табобати халқиро намедонӣ?

Метарсам, ки кадом рӯз рӯдаҳои бечора кӯдаконро аз антибиотики бисёр сӯрох мекунӣ. Модарам дар вақташ моро на ба духтур мебурду на ба табиб, бо пӯсти анору ким-кадом алафҳо ба дардамон даво меёфт, ту ҳам модар ҳастӣ, илоҷашро ёб...” Дар бораи ба шикамдард даво будани пӯсти анор аз модари худам ҳам шунида будам, вале ростӣ, он вақтҳо ман донишҷӯ будаму ба ин хел гапҳо аҳамият намедодам. Имрӯз бо мушкили шикамдард рӯ ба рӯ гашта қарор додам роҳи дармони онро аз “Оила” бипурсам.
Роҳилабону, ш. Душанбе.

Посух
Роҳилабону, шавҳаратон рост мегӯяд, дар ҳақиқат антибиотики бисёр ба кӯдакон зарар карда метавонад. Ман ба шумо чанд роҳи осони табобати ин бемориро мефаҳмонам, то минбаъд сари вақт ба фарзандонатон ёрӣ расонед.

Нусхаи аввал
Дар рӯзҳои аввали сар шудани шикамрав, агар ба як қошуқча шири навдӯшида 1-2 қатра йод чаконда ба кӯдак диҳед, исҳол фавран манъ мешавад.

Нусхаи дигар
Пӯсти дарахти булут, ки дар дорухонаҳои шаҳрамон бо номи “Кора дуба” фаровон аст, дар мубориза бо дарунрав беҳтарин яроқ ба шумор меравад. Пӯсти булутро ҷӯшонда ба кӯдаки бемор 1-2 қошуқӣ нӯшонед ва ҳуқна, яъне клизма кунед. Ин амалро 2-3 рӯз давом диҳед, шикамрав пурра манъ мешавад.

Нусхаи сеюм
Пӯсти як дона анорро каме майда карда дар зарфе андозанд ва аз болояш як литр об рехта, муддати 20 дақиқа ҷӯшонанд, давои хубе барои манъ кардани исҳол хоҳад гашт, хоса, агар дарунрав бо сабаби зиёд қабул кардани антибиотикҳо ба вуҷуд омада ё луоб, яъне парда дошта бошад. Ба касе, ки ба дарунрав гирифтор аст, ин моеъро дар давоми рӯз кам-кам нӯшондан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД