formula
ПУЛ ПИСАРАМРО БЕГОНАВУ АЗ ВАТАН БЕВАТАН КАРД
15.06.2021
Р. Азимӣ
4809

 

Писари калониам Абдулаҳад соли 2011 ба Амрико хонданӣ рафт. Тамоми дороиямонро сарф намудем, то фарзандамон дар ғурбат азоб накашад. Пулаш зиёд шавад, одам чи номаъқулиҳое, ки намекардааст!

Абдулаҳади моро пули калон ба ҷойи одам кардан аз кӯчаи одамгарӣ тамоман баровард. Пулҳои бо хуни ҷигар коркардаи падарашро сарфи духтарбозӣ намуда, тамоман дарс намехондааст. Мо дар Ватан ба умед будем, ки фарзандамон дар хориҷа дониши хуб гирифта, фардо такягоҳамон мешавад, ин бачаи ношуд бошад, бо чунон корҳои ифлосе машғул будааст, ки ҳатто ба гуфтанаш забони кас намегардад. Аксҳои Абдулаҳадро, ки дар дискоклуб ва дигар ҷойҳои ифлос бо хонумчаҳои нимурён гирифта буд, дар сомонаҳои иҷтимоӣ дида ҳуш аз сари ману падараш парид. Ба ҷону ҳоли шавҳарам намонда маҷбур кардам, ки рафта писарамро гирифта биёрад, ба умеди хондан шуда, фарзандамро тамоман аз даст додан намехоҳам. Мардакам роҳи дарозро тай намуда ба Амрико рафт, вале писари ношукрамон ба рӯйи падараш ҳатто нигоҳ накардааст. Абдулаҳадро масти лояқил ва бо ду духтари бараҳна оғӯш ба оғӯш дида падараш ба бари рӯяш як шаппотӣ задааст. Писари худобехабарам «ту маро дар пеши духтарҳо шарманда кардӣ» гӯён, аз гиребони падараш гирифтааст. Бачаи ношукр даъво кардааст, ки мо, яъне падару модараш барои ӯ ягон хизмат накардаем ва ҳақ надорем, ки ба зиндагии шахсии вай дахолат намоем. Ана гапу мана гап!

Шунидам, ки Сайти Оила»-ро дар дигар кишварҳо ҳам мехондаанд, барои ҳамин ба ин сомона муроҷиат кардам, то аз ин минбари баланд ба писари падару модарбезори аз одаму одамгарӣ бехабарам бигӯям:

-Ҳой бача, ман дар Амрико мехонам гуфта ин қадар дағдаға накун! Тиррончак, туро кӣ хононд, кӣ пӯшонд, кӣ ба беҳтарин донишгоҳ дохил кард? Падарат! Бале, бале маҳз падарат! Умеди мо аз ту ин набуд. Чаро падаратро ранҷонда бо дили хиҷил гусел намудӣ? Магар фаромӯш кардаӣ, ки бузургонамон «падар розӣ-Худо розӣ» гуфтаанд. Худованд ба ту бозуи рустамонаву қаду қомати зебо додаасту ақл надодааст. Диламон аз ту сард гашт. Безорам аз писаре, ки обрӯи падару модарро ба хоки сиёҳ яксон намояд! Рафторат ҳамин бошад, ҳаргиз ба хона бар нагард!

Модари муштипарат: Солеҳа

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД