Arzon march 2024
Рехтани абрӯвон ва миҷгонҳо дар хоб чӣ таъбир дорад?
1253


Салом. Хоб дидам, ки ба як ҷойи ба кошонаи ҳусн монанд рафтаам. Одамони зиёде барои зеботар гардонидани чеҳраашон омада буданд.

Вақте ки аз он ҷо берун шудам, хостам худро дар оина дида, то кадом андоза зебо шуданамро фаҳмам, вале бо дидани чеҳраи худ ба даҳшат афтидам. Қошу миҷгонҳоям рехта, мӯйи сарам заб-зард шуда буд. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.

М, муштарии Оила. тҷ

Посух

Рехтани абрӯ ва миҷгонҳои кас дар хоб таъбирҳои гуногун дошта метавонад. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, рехтани қошу мижа дар хоб рамзи аз даст додани қувват ва нерӯи ботинии инсон буда, ба он ишорат мекунад, ки ба шахси хобдида барои амалӣ гардонидани нақша ва ниятҳояш дилгармӣ ё дастгирию кӯмаки атрофиён зарур мебошад.

Рехтани абрӯвон дар хоб метавонад як навъ огоҳӣ низ бошад. Шахсе, ки чунин хоб мебинад дар сари роҳаш баъзе монеъаҳо пайдо шуда, монеъи пешравиҳои ӯ дар зиндагӣ ва кор гашта метавонанд, бинобар ин, кас бояд ба мубориза барои расидан ба ҳадафи худ омода бошад. Ногуфта намонад, ки баъзан инсон бар асари хастагии рӯҳӣ низ чунин хоб дида метавонад.
Рехтани миҷгонҳо дар хоб ба он ишорат менамояд, ки шахси хобдида ниҳоят нозук буда, ба дастгирии равонии атрофиён сахт ниёз дорад.

Дидани чунин хоб бар он ишорат мекунад, ки ба шахси хобдида навозиш ва меҳрубонӣ намерасад.

Аммо бояд гуфт, ки на ҳамеша рехтани қошу миҷа дар хоб фоли бад ва нишонаи хастагию беқувватию беқудратӣ аст. Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки рехтани абрӯвон ва миҷгонҳои кас дар хоб аз оғози як зиндагии нави саршор аз навгониҳои хуб дарак медиҳад. Чунин хоб нишонаи он аст, ки шахси хобдида тайёр аст ҳаёти худро тағйир дода, сарфи назар аз он ки атрофиёнаш дар бораи ӯ чи мегӯянд ва чи фикру андеша доранд, ба зиндагиаш навигариҳои тозаро ворид намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД