sebiston july new
Рӯнамоии портали сайёҳии Тоҷикистон
2587

 

 

Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии портали сайёҳии Тоҷикистон таҳти суроғаи  www.traveltajikistan.tj дар таҳрири нав баргузор гардид.

Дар ин хусус Ақлиддин Авғонов, сухангӯи Кумитаи рушди сайёҳӣ  ба Оила хабар дод.

Ба иттилои сухангӯ, Камолиддин Муъминзод, раиси Кумита дар расми рӯнамоӣ иброз дошт, ки портали миллии такмилёфтаи сайёҳӣ идомаи талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муаррифии имконияти бузурги сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат мебошад.

“Портал дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияташ махдуди «Сомон Технолоҷи» дар шакл ва тарҳи нав бо истифода аз равзанаҳои муҳими иттилоотию таблиғотӣ таҳия шуда, тамоми самтҳои фаъолияти сайёҳии Тоҷикистонро фаро гирифта, воситаи хуби иттилоотӣ барои сайёҳон ва алоқамандони мамлакат мебошад”, - гуфт Авғонов.

Мурури мо ба сомона нишон дод, ки  саҳифаи аввали он бо навиштаҷоти «Тоҷикистон- сарзамини кӯҳҳои нотакрор, пиряхҳои абадӣ, чашмаҳои шифобахш, оби пок ва фарҳанги бостонӣ» бо тағйир ёфтани аксҳои аҷиб ҷолибтар гашта, воридшавандагон имконияҳои мамлакатро хеле хуб эҳсос менамоянд.

Дар портал маълумоти пурра оид ба имконоти сайёҳии Тоҷикистон, минтақаҳо (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва равзанаҳои иттилоотии зерин, аз қабили «Намудҳои сайёҳӣ», «Хатсайрҳо», «Чорабиниҳо/Ҷашнҳо», «Дастур барои сайёҳ» (асъор, нақлиёт,  меҳмонхона, раводид) ҷойгир шудааст. Инчунин, ба он равзанаҳои алоҳидаи «Истисноҳои муфид», «Тағйирёбии шароити обу ҳаво дар реҷаи онлайн», «Тағйирёбии шароити қурби асъор дар реҷаи онлайн» ва ғайра дохил мешаванд, ки барои истифодабарандагон, бахусус сайёҳони хориҷӣ хеле муфид аст.

Портали сайёҳии Тоҷикистон бо 3 забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода шуда, ба сайёҳони хориҷию дохилӣ нигаронида шудааст ва ба смартфонҳо ва планшетҳо мутобиқ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД