goodwell
Роналду пас аз Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2026 тарки футбол мекунад?
330

Ситораи ҷаҳонии футбол Криштиану Роналду пас аз “Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2026” тарки футбол мекунад.

Роналдуи 41-сола барандаи панҷкаратаи "Тӯби тилоӣ" буда, ба достони зиндаи футбол дар саросари ҷаҳон табдил ёфтааст. Қаблан сарусадоҳо дар бораи он ки ин варзишгари машҳур тарки футбол мекунад, хеле зиёд буданд, аммо худи ситора ин овозаҳоро рад мекард. Ин дафъа худи Роналду иқрор шудааст, ки Ҷоми ҷаҳон-2026 охирин мусобиқаи касбии ӯ хоҳад буд, вале таъкид кардааст, ки якбора ба пуррагӣ аз футбол даст кашиданӣ нест.

Футболбози машҳур гуфтааст, новобаста аз он ки бозӣ мекунад ё берун аз майдон мемонад, вай ҳамеша дар ҷаҳони футбол одами муҳим боқӣ мемонад.

"Ман ҳамеша дилу ҷонамро ба бозӣ мебахшам ва новобаста аз он ки бозӣ мекунам ё не, ҳамеша нақши муҳим хоҳам дошт. Муҳим он аст, ки хуб бозӣ кунем ва бовар кунем, ки мо пеш меравем”,- гуфтааст ин ситораи футбол.

Хотиррасон менамоем, ки имрӯз, 6-уми июл Тими миллии Португалия, ки Роналду узви он мебошад, дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми ҷаҳон бо Испания рақобат хоҳад кард. Бозӣ дар Далласи ИМА соати 12:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД