formula
РӮЗИ МАҲШАР (ҚИСМИ 3)
4368

ИДОМААШ...
Соҳибхоназани рус чеҳраи арўсакро чашми дидан надошту бо нафрат сўяш назар карда мегузашт. Дар дили духтарак тарсу воҳима афтида буд. Кўшиш мекард, ки нисбати Наташа меҳрубонияшро нишон дода, бо ў дугона бошад, вале…

Пас аз се моҳ соҳибхоназан ба ҳар кору рафтори Ниҳоли наварўс эрод гирифта, ҷанҷол мекардагӣ шуд. Ҳатто гоҳ-гоҳ суханҳои таҳқиромез мегуфту мегирёнд. Тамоми кори рўзгорро ба гардани вай бор намуда таҳдилд мекард, ки либоси таҳпўшамро шуста тоза нигоҳ дор, вагарна ҳолат аз ин бадтар мешавад. Ниҳол ҳама корро мекарду тоқат карда, ба ҳамсараш аз ин боб даҳон намекушод. Билохира, тоқаташ тоқ шуд. Рўзе ин ҳолатро ба хамсараш гуфт, аммо дар ҷавоб ў таъкид кард, ки сабру таҳамул кунад, зеро онҳо мусофиранду дар хонаи он зан истиқомат доранд. Ниҳол аз гуфтаҳои шавҳараш эҳсос мекард, ки вай соҳибхоназанро ҳимоя мекунаду гапи занаш як зарра ба ў таъсир намекард. Рўзе тифоқо ин гапро ба як пиразани ҳамсоя гуфт ва чи гунна хислату хў доштани ин зани ҷангараро пурсид.Магар ту намедони, ки ин тоҷикбача бо Наташаи хунукрўи зану шавҳаранд? Магар ту намедонисти, ки ин бача солҳост, ки оғўши ин занро гарм намуда инҷо истодааст. Ў бо ҷордугарӣ сари ин бачаро тоб дода аз худ кард. Ҳатто як духтарча низ доранду ў ҳоло дар як мактаби бонуфуз таҳсил намуда истодааст. Зану шавҳар зуд- зуд ба шаҳри Тверская мераванду аз аҳволи духтарчаашон хабар гирифта меоянд. Дигар суханони пиразан ба гўши Ниҳол намедаромад. Ў қариб беҳуш мегардид. Гириста-гириста ба хонааш даромадани шуд, ки кампир аз пасаш фарёд кард: Ёсину Наташа никоҳи қонуни доранд ва ҳақу ҳамсояхо гумон мекарданд, ки ту хоҳари Ёсин ҳастиву барои мехмони инҷо тамошо омадаӣ. Ту аз ин гапи ҳақ наранҷ ва ба онҳо нагўй ки ин суханҳоро аз дахони ман шунидаӣ, боз балое ба сари ман наоранд.

Бо шунидани ин суханҳо дили озурдааш боз озурдатар гашт. Аз нав ба андеша рафт, ки Ёсин боз ўро фиреб додааст. Агар, не мувофиқи аҳду паймони кардааш баъди ба Русия расидани вай, бояд аз ақди никоҳи қонунӣ мегузаштанд,

Чаро.. нарафтанд, чаро корро ба таъхир гузоштанд ин фикрҳои бесару нўг сари духтарро гиҷ месохтанд.

Тақдирам, ҳамин будааст. Аз модар ятим мондам, ғурбати моиндар кам буд, ки боз як умр таънасори кундошам шуда дар мулки ғурбат худамро обу адо мегардонам мегуфт худ ба худ. Ҳоло ҳам дер нашудааст, бояд чора ҷуста аз ин ҷо фирор намоям шабе хулосаи аниқашро баровард Ниҳол. Аз Ёсин батамом дилмонда шуда буд. Қарор дод, ки роҳи ягонаи халосӣ ҳарчи зудтар аз шавҳараш дур шудану вайро фаромўш кардан аст, аммо чи тавр? Бори нахуст бо илтиҷову зорӣ аз шавҳари бевафояш пул пурсид. Баҳона пеш овард, ки тамоми умр орзуи харидани ангуштаринини тиллоиро мекард. Ҳарчанд ангуштарини тиллоии арўси насибаш нашуд, мехоҳад якто бихарад. Ҳамсоя ангуштарини тилоии қадима дорад агар шавҳарам ба ман 500 доллар диҳад ман ўро рафта мехарам. Ноилоҷ Ёсин розӣ шуда, ин маблағро гиру рафта онро хар ва аз ин пул Наташа хабардор нашавад. Агар Наташа бифаҳмад, ки мо пул дорем нархи иҷорапулиро дубаробар зиёд мекунад гуфт. Ёсин ин гапро барои тасаллои дили ҳамсараш мегуфту бехабар буд, ки ў аз сиру асрораш хуб огоҳӣ ёфтаасту майли ба ватан гурехтан дорад. Ниҳол пулро гирифта, ба фурудгоҳ омаду зуд чипта харида мисли паранда ба ватан парвоз кард. Ҳамчун ошиқи номурод ба ватан ба назди падараш баргашт, дигар ёди шавҳари дузанаи албастияш накард.

Омад ба сарам аз он чи метарсидам

Баробари ба ҳавлии падар қадам гузоштанаш ҳақу ҳамсоя арўсакро дида, зуд аҳволпурсӣ омаданд. Аз ҳама пеш моиндараш ба гап даромада, ба ҳар як кадоми онҳо Ниҳолро сиёҳ карда,мегуфт, ки ин духтар беқилиқ барнагаштааст. Дар он ҷо ҳам ба шавҳараш хиёнат карда ба дари падараш баргаштааст мегуфт. Аз шунидани калимаи хиёнат дандонҳои духтар ба соиш омаданду зуд борҳояшро ба замин партофта ба моиндараш дарафтод. Ўро аз долони хона ба замин ғалтонду то дилаш хунук гаштан зад. ба доду фиғонаш нигоҳ накарда, лату кӯб намуд. Агар ҳамсояҳо намебуданд, моиндарашро сари ҷаҳл пора пора менамуд. Падараш зуд аз кўча баргашту духтарашро ба хона дароварада чи шуданашро пурсон шуд. Маро фиреб карданд. Ёсин бо ман никоҳи накарда, ҳамхоба шуд. Ў барои ду серўза бо ман хонадор шуда будааст, чунки дар онҷо зану фарзанди рус доштааст. Баъди буду шуди гапро фаҳмонидан, падар Ниҳоли якаву ягонаашро дилбардорӣ намуда, зуд ба хонаи холаи домоди беимонаш давид. Доду фиғони холаи Ёсин баланд шуд. Ў мегуфт, ки Ниҳолҷонакат тарпоча бошад айби мо чӣ. Ёсин ба мо гуфт, ки ҳамсараш ду се рўз аст, ки дар хона нест. Духтари шумо қанқиқ бошад айби мо чи гўён падари духтарро аз дарашон пеш карданд. Миёни ду ҳамсояе. ки то имрўз як коса хўрокро бенабудани якдигар намехўрданд нотифоқи сар зад. Ниҳол боз азоб дошт. Ғаме, ки ў дошт кайҳон надошт. Моиндараш ўро дида, на ба ошхона сар мехалонду на ба кору бори хона. Бечора духтари бадбахт ба ҳама кор дасташ мерасид. Пас аз ин ҳодисаҳо дар кўча ором гашта наметавонист. Овозаи моиндараш баровардаро мардум бовар намуда бо чашми нафрат сўи Ниҳол менигаристанд. Мардони деҳа баробари бо ў рў ба рў омаданд мегуфтанд:» тардоманият фош шуд, як шаб ба мо хизмат намекунӣ», ин суханҳое аз дур ба гўшаш мерасиданд, ки тобу тоқаташаро надошт. Бо гиря шабашро рўз менамуду рўзашро шом. Аз омаданаш як сол нагузашта дар ҳақаш тўҳматҳое мебароварданд, ки дили духтар аз гиря ба фарёд меомад. Ў ҳамеша, дар утоқи худ хоб мекард. Як шаби наҳз се ҷавони деҳа ба хонаи хобаш даромада, хостанд ба номусаш дасдарозӣ намоянд, аммо тирашон хок хок хўрд. Духтар чолокона аз таги дасташон берун ҷаста доду фиғон бардошта падарашро ба ёрӣ даъват намуд. Мардони маст зуд аз тереза фирор намуда гурехтанд. Ин ҳодиса субҳи барвақт дар деҳа паҳн гашт. Мардум байни худ ҳарггуна шарҳ медоданд. Се марди номаълум ба ҷойгаҳи Ниҳол даромадаанд. Духтари усто Қаюмро шармандагияш баромад, гапи моиндараш бесаб нбуд, ўро тардоан мегуфт-ин суханҳои мардум буд, ки дили ҷавони духтаракро боз ҳам хуншортар месохт. Бадном гаштани Ниҳол ин худ як тўҳмат буд, вале нафаре намонда буд, ки ин овозаро рад карда духтаро ҳимоя намояд. Падараш коре карда наметавонист. Ниҳол он шаб хоб накард. То дамидани субҳ либосҳои арўсии раҳматии модарашро аз сандуқ гирифта пўшиду мўйҳояшро парешон намуд. Сару рўяшро упаву ба абрувонаш сурмаи хоки сулаймонро кашиду ба оина нигарист. Дар охир қоши тилои арўсии модараш ба сар монда дурру дароз ба оина нигаристу ба берун баромад. Дар торикии шаб касе ба чашм наменамуд. Оҳиста ба амборхона даромаду баки бензинро ба даст гирифта сўи ошхона шитофт. Баъди бензинро ба сару рўяш пошидан, қутии гўгирдро ба даст гирифта, калимаи шаҳодатро ба забон оварду гўгирдро алоб зад. Дар як дам либоси арўсии Ниҳолро оташи гулхан аланга гирифту фарёду ғиреви духтар ба осмон дакка хўрд. Ў аз ҳавли ба кўча давид, аммо алоб аз ў дур намешуд. Наҷот диҳед, месўзам, куҷоед мардум мегуфт, вале ба ҷуз садои баланди сагон дигар кассе ўро намешунид. Вақте мардум аз ин хабар огоҳ шудан, онвақт дер шуда буд. Ниҳол мисли ниҳоли беҷон аз гапзанӣ монда буду бо нигоҳи ҷозибадор сўи мардум чизе мегуфт. Падар ҷасади сўхтаи духтарашро оғўш намуда фиғон кашид, баъди чанд лаҳза мошинро киро намужа зуд ба беморхона овард, вале дар даромадгоҳи дарвозаи беморхона ҷони нимбисмили Ниҳоли шўрбахт якбора аз тапидан боз монд.

Баъд аз намози пешин ҷанозаро мебардоранд шунида шуд ба гўши мардуми деҳа садои баландгӯяки масчид. Мардуми маҳала ба масчид ҳозир шуданд. Мулло гиряи илтиҷоомези падари Ниҳолро дида иҷозат дод, то маитаро ҷаноза хонанд. Тобутро сўи мазор бурданду часади сухташудаи Ниҳолро ба хоки сарду тира гўрониданд. Баъди бозгашт падар мактубчаеро аз хонаи хобби духтараш пайдо намуд, ки чунин навишта буд:

Ман сафар дорам. Сафари бебозгаш. Падар бароям ашк нарез, бароям беҳуда ғам нахўр. Ин дунё кирои ғамхўрдан набудааст. Маро баъди маргам гунаҳгор нашуморед, маро таънаи мардум ва атрофиёнам ба чунин ҳол расонид. Тўҳмати ин одамони диёр ҷонамро сер гардонд аз ҳамин сабаб роҳи интихоби ман худкуши гашт. Тўҳмати зиёд, бевафогиву хиёнати ёр, писханду нешзании мардум, тобу тоқатро аз ман рабуд. Умуман ғамгин нестам, кӣ мардум дар бораи ман чи мегўяд, вале аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба гапи касе бовар накарда маро ҳамчуни духтари поку чун фаришта халол пиндоред.

Бо эҳтиром духтари ба ғамтобнаовардаатон Ниҳоли шўрбахт.

Аз Р.С

Қисса воқеъи буда дар яке аз минтақаҳои кишварамон ба вуқўъ омада, бо хоҳиши наздикони арўсаки ғўрамарг номҳо иваз карда шудаанд.

  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД