Arzon march 2024
РӮЗҲОИ ОХИРИ УМРИ ЛОИҚ, 17.06.2000, шанбе
3084

                                                  КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО,
                                                    Нависандаи халқии Тоҷикистон

            АЗ ДАФТАРИ ХОТИРА

Баъди фотиҳа, ки соли раҳматии Аълохон буд, Абдулҳамид, Лоиқ, Фарҳод ҳамроҳ ба Иттифоқи нависандагон омадем. Соати 9 автобус омад, якҷоя Ҳисор рафтем, мавлуди 50-солагии нависанда Султонмурод Одинаев. Банда, Лоиқ, Абдулҳамид назди баландгӯяк даъват шудем, сухан гуфтем. Сухангӯии охирини Лоиқ дар тӯй, дар назди мардум.

22.06.2000, панҷшанбе

Ба идора дертар омадам, сукунат. Фарҳод, ки ҳанӯз наомада буд, телефон кард. Гуфт, ки ҳоли Лоиқ бад, инсул шуда ӯ. Соати чор бо Шералӣ Қарияи Боло омадам. Дар атрофи беморхона одамони бисёре, Х.Шарифов, Сорбон, Афзалшоҳ, Сайидалӣ Маъмур, Мирзобек, Ҳадиса. Гуфтанд, ки аз сухан монда, гуфтанд, ки фишораш ба 300 расида будааст. Ба мисле ноумедӣ. Бо дили шикаста баргаштам. Ҳоло бегоҳирӯзӣ аст. Дар кулба, паси миз нишастаам. Шояд пагоҳ хабарҳои хуш шунавам. То пагоҳ, ҳар рӯз ба умеде пеш ояд.

23.06.2000,ҷумъа

Гуфтанд, ки ҳоли Лоиқ андаке беҳ, ба гап даромада ӯ, мешинохтааст ҳозиронро. Лек духтурон нагузоранд, ки ба наздаш дароем. Ва агар зарар бошад ба ӯ, чӣ лозим дидорбинӣ?

Якшанбе тӯи ҷиянам Холмаҳмад, Афзалшоҳ омада ба хонаи ӯ. Ӯ баъди ҳар суруд рӯ ба мардум- тӯякиҳо оварда даст ба дуо кушода мегӯяд:

-Худо гӯед, Лоиқ шифо ёбад.

-Омин! Омин! – садои аҳли деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, мухлисони Лоиқ ба фалак:

-Омин! Омин!!

28.06.2000, чоршанбе.

Ба хабаргирии Лоиқ хабар омадам. Дар беморхона Абдулҳамид, Сорбон, Х.Шарифов, бародари Лоиқ, ҳамсараш, фарзандонаш. Ҳамроҳи Садриддин Бобоеви прокурор вориди беморхона шудам. Чанд монеа, дарҳоро гузаштем, назди Лоиқ даромадем. Духтурҳо дар гӯшаҳои хона менишастанд. Ҳоли Лоиқ ниҳоят вазинин, нафасгириаш душвор. Аз дур садои нафасгирии ӯ шунида мешуд. Аз кислород нафас мегирифт. Бад шудани ҳоли ӯ, аз бад гаштани ҳаво. Хеле истодем рӯ ба каташ. Баъд берун шудем аз наздаш, аз назди дӯсти солҳои ҷавонӣ, аз назди ҳамсабақи азизам Лоиқ, ки ба мисле ба панҷаи марг афтода ҳоло ӯ. Ноумедиҳо беш.

Соати чор Абдулҳамид сим зада буд. Аз ҳоли Лоиқ пурсидам. Гуфт, ки гӯё Мирзобек гуфта, ки ҳолаш андаке беҳ шуда. Пагоҳ шояд боз хабаре шунавам.

29.06.2000, панҷшанбе

Ҳоли Лоиқ беҳ не, гӯё бад. Ҳафтаи гузашта ба ин ҳол афтода, имрӯз панҷшанбе, яъне 8 рӯз гузаштаю беҳ нашуда.

30.06.2000. ҷумъа

Пагоҳӣ хабари аз олам гузаштани Лоиқро шунида гирифтори ғаму алам гаштам, дилам гӯё ба замин зад, олам пеши чашмонам торикис­тон гаштаву бо дидагони ашкбор рӯ ба хонаи Лоиқ овар­дам. Ва чун маълум гашт, ки ӯ зиндаву хабари маргаш дурӯғ, дилам аз нав мадор ёфт, ба худ омадам, шукр гуфтам, шод шудам. «Лоиқ зинда!» гуфта фарёд задан мехостам. Вале гӯё дар як лаҳза ин ҳама барҳам заду боз нохушӣ пеш омада. Гуфтанд, ки ҳоли Лоиқ боз бад шуда, чи хеле мегӯянд, ба ҳоли худ, пеши Худо. Ба зинда монданаш умед намонда, ҳама дар ташвиш, дар талҳука, духтурҳо баҳри пешгирии марги Лоиқ чорае намеёфтанд, оҷиз монда буданд. Атрофи беморхона серо­дамтар мешуд. Ба сари ҳама ғам омада, аз дидагони дӯстон гӯё хун меборид, бандаро ҳам ҳамин ҳол. Қадам мемондем аз ин сӯ ба он сӯи роҳ, Худо мегуфтем, илтиҷо доштем, ки худованд ба Лоиқ умри дубора бидиҳад, шифо ёфбад.

Офтоб ба гӯшаи ғарбии осмон майл дошт. Бо хотири ошуфта ҳамроҳи ҳамкорам Шералӣ ба нашриёт баргаш­там. Баъд ба деҳа, ки модари фарзандонам он ҷо буд, раф­тан лозим омад, ӯро бо аҳли байт бояд ба шаҳр меовардам.

Дар деҳа шаб мешуд, мавзӯи гуфтугӯ, сӯҳбати аҳли хонаводаи мо Лоиқ буд. Ба мисле ҳар кадоми мо ӯро ёд меовардем, гӯё хотира мегуфтем. Китобҳояшро аз раф­ҳои ҷевон гирифта варақ мегардондем, шеърҳояшро мехондем. Номаҳо ва китобҳои ба номам навиштаашро гашта бар­гашта аз назар мегузаронидем, аз Лоиқ ни­шона, осор меҷустем.

Ҳамин тариқ боз хабари марги Лоиқро шунидам. Фарҳод сим зада «Лоиқ, Лоиқ...» мегуфту дигар ҳарфе гуфта наметавонист. Ва он шаб саҳар мешуду ба дидагонам хоб намеомад. Хаёлам ба Лоиқ, ба дӯсти ба дилу дида наздикам. Ӯро марг аз мо ҷудо намуд. Дигар бо ӯ дар ин олам ҳимни­шинию ҳамсӯҳ­батӣ насибам намешавад. Рӯзҳои бо ӯ ҳамроҳ будан, ҳам­сӯҳбат гаштанҳо як замоне, афсонае, гӯё хобу хаёле буда. Ё худи ҳамин дунёе, ки мо дар он мезиҳем, – афсона, як хоббиние аст? Марг ба ҳамаамон ҳамроҳ. Ҳар лаҳза лози­маш шавем, моро ба дами фано мебарад, барҳам мехурем, ба мисле дар ин олам мавҷуд набудем. Баъд ҷоямон холӣ дар хона, дар сари дастархон, дар миёни дӯстону рафиқон. Баъд аз ёдҳо меравем. Баъд боз шаб меояду ситораҳо аз осмон ба сӯи оламиён чашмак мезананд, моҳтоб ва боз офтоб мебарояд, саҳар мешавад. Вале мо дигар пайдо намешавем. Ин дунёи афсона баъди мо побарҷо, бардавом, оромгоҳи шабу саҳар. Инсонҳо ба он меоянду мераванд. Ва Лоиқ он бего­ҳирӯзӣ аз олам гузашта. Ғам мехурдам, бо марг бо­ти­нан дар гуфтугӯ будам. Шиква доштам аз марг, хобам намеомад.

Аз кулба берун омадам. Осмони софу беғубори деҳа ситоразор. Саҳар меомад, олам зебо. Худованд чи оламе офарида баҳри инсонҳо. Ин қадар умри кӯтоҳе дода ба онҳо. Ҳама, ҳам шоҳу ҳам гадо ва ҳама, ҳама –миранда. Имтиёз дар роҳи марг ба ягон бандазоти Худо набуда. Вале ҳазор таассуф, ки баъзе ҳамҷинсони мо – инсонҳо ана ҳа­мин, ҳамин миранда буданашонро аз ёд бароварда. Пиндо­ранд, ки дар ин олам сутунанд, доимианд. На, бояд ба худ биоем. Лоиқ барин як шоири тавоно аллакай он шаб ба ҳисоби майитҳо ҳамроҳ шуда. Якшаба меҳмони ин дунё. Аввалин субҳе, рӯзе меомад, ки Лоиқро офтоб, дар бистари марг дармеёфт, аввалин субҳе медамид, ки Лоиқ чашм намекушод.

Рӯз равшан шуду хуфта натавонистам. Ба хаёли Лоиқ бо аҳли оилаам ба шаҳр рӯ овардам. Мағзи нон, қатраи об ба даҳон набурда, ба мурдахона – сӯи хонаи Лоиқ равон будам. Роҳу роҳравҳо ва гирду атрофи хонаи Лоиқ серодам. Гӯё замин кафида одам рӯида, биное, ки кулбаи Лоиқ дар он ҷойгир буд, миёни сели одамӣ монда. Ба он наздик шудан қарибе ноимкон. Боазоб роҳ меёфтам. Аз миёни одамон мегузаштам. Дохили дари даромадгоҳ шу­дам. Ода­мон ба ошёнаи дуюм, ба манзили Лоиқ дар ра­вуо буданд. Бори аввал буд, ки баъди марги Лоиқ ба остонаи хонааш қадам мемондам, кулбае, ки ҳар бор моро худи Лоиқ бо чеҳраи шукуфон пешвоз мегирифт. Аммо ҳоло дар он пагоҳирӯзӣ ҷасади ӯро аз манзилаш бурун меоварданд. Са­дои нола, гиря. Аз оҳи ҷигарсӯзи муҳибон, фарзандони Ло­иқ дилҳо реш мегашту ғаму алам зиёда. Ҳама гирён. Назарам ба Ромиш бархӯрд. Дар сар тупӣ, дар бар ҷома, ришҳояш расида. Ба мисле ба по истода наметавонист, беҳолу бемадор, дар ғами падари бузургвор месӯхт, мено­лид. Маро, яке аз дӯстони наз­дики падарро дида, аламҳояш тозатар гашт. «Амакҷон, падарам, бародаратон» гуфт, ҷонибам омад, ҳамдигарро ба оғӯш кашидем, талх мегирис­тем, ашки сӯзон аз дидаҳо равон, сухани таскиномезе намеёфтам, ки ба фарзанди ҳамсабақам бигӯям...

Пайкари Лоиқро аз поғундаҳои зинаи ошёнаи дуюм поён меоварданд, онҳое, ӯро аз хонааш ба поён меовар­данд, ки ҳама наздикон, хешовандон, фарзандони ӯ бу­данд. Банда ҳам аз паҳлӯи онҳо ҷой ёфта будам. Дар берун, дар дами дари даромадгоҳ тобути ӯ гузошта шуда буд. Дар берун сели одамӣ дар ҳаракат, сели одамӣ гӯё аз як сӯ ба сӯи дигар мавҷ мехурд. Офтоби пагоҳ рух менамуд. Болои одамон нур мерехт, нурҳои заррини он дар пойгаҳи дари бино, ки аз он Лоиқро берун меовар­данд, чун пойандоз паҳн мешуд. Пойандоз аз дами дар то ба тобут, баъд то ба хонаи гӯри Лоиқ. Офтобро Лоиқ дар шеърҳояш ситоиш ва бо ҳазор ранг тасвир намуда. Махсусан ӯ лаҳзаҳои парешон шудани нурҳои офтобро рӯи мавҷҳои дарёи Варзоб беш дӯст медошт, тамошо мекард, ба шавқ меомад. Шоирро ба илҳом меовард оф­тоб, мавҷҳои дарё ва ҳоло нурҳои офтоб пойандозаш шуда то ба тобут ва баъд то ба хонаи гӯр.

Дӯстон боэҳтиёт, оҳиста гӯё лахти ҷигари хеш – Ло­иқро ба тобут мегузоштанд. Имкон ёфтам, ки ба пояи тобут даст барам, тобутро бардоштем. Лаҳзае пояи тобути дӯс­т, бародарам Лоиқ дар дастам. Аз вақте ману Лоиқ якҷоя ба донишгоҳ ба таҳсил омада будему баъд солҳои тулонӣ ҳамнишинию ҳамсӯҳбатӣ доштем, ба ёдам намеомад, ки ҳамин хел ҳол рух медиҳад, тасаввур надоштам, ки пояи тобуташро мебардорам. Аммо ҳазор таассуф, ки ҳамин хел рӯзи сиёҳ омада, пояи тобути Лоиқ дар дастам.

Мардум, сели одамӣ ба ҷунбиш омад. Нигоҳҳо ба ҷониби тобут, ҳазорҳо мухлисон, эътиқодмандони Лоиқ тобути ӯро ба дӯш гирифтан мехостанд ё дар орзуе, ки ақалан ба он даст расонанд. Вале наметавонистанд, одамон ба якдигар бармехурданд, меафтоданд, мехестанд пеш меомаданд. Кайҳо пояи тобут аз дастам раҳо ёфта буд, даст ба даст ба осмон мерафт тобути Лоиқ, дигар намедидам, пеши чашмонам сиёҳӣ, мавҷ мезад, аз паси одамон мераф­там, бо онҳо қадам мемондам. Аз кӯчаҳои шаҳр мерафтанд мардум, Лоиқро аз назди хиёбону гулгаштҳои шаҳри ази­заш, ки аз айёми наврасӣ онро манзили зист ихтиёр карда буд, мегузаронданд.

Баъд мавриди видои мардуми Душанбе, мухлисони беҳисоби шоир дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ давом ёфт. Офтоби тафсони тобистон болои бому дар ва рӯи дарахтон меомад, гармӣ медод. Гармие, ки дар умрам ба он дараҷа ҳарораташ эҳсос накарда будам. Месӯхтам аз ғами Лоиқ, аз тобиши офтоб. Раҳме набуда офтобро. Месӯзон­дам, обу адо мегаштам. Дар саҳни васеъи бинои Театри опе­ра ва балет ва дар дохили он, ки одамони беҳисоб тобути Лоиқро давра гирифта буданд, ҷои исто­дан намеёфтам. Гӯё ягон ваҷаб ҷои осудан намонда баро­ям дар рӯи замин. Ва ҳамроҳи одамон боз рӯ ба дохили бино овардам. Ин ҷо Лоиқ, тобути Лоиқ. Аз телевизион равуои одамон, лаҳзаҳои видои дӯстон, ҷи­гар­бандон, наздикон, мухлисони Лоиқро рӯи навор мео­вар­данд, сухан­гӯиҳо ба лентаи овоз сабт мешуданд, дӯстон бо дидагони ашкбор, бо сӯзу гудоз ҳарф меза­данд. Сухан аз Лоиқ, ба ёд меоварданд ӯро, ёдномагӯӣ. Аллакай хотира­ҳо мегуфтанд, аллакай ба ҳисоби гузаш­та­гон ҳамроҳ шуда Лоиқ, хотира шуда Лоиқ. Мухбири теле­ви­зион Ҳо­кими Азиз аз банда хоҳиш дошт, сухан бигӯям, аз Лоиқ ҳарф бизанам. Хайр гуфтам, назар ба тобути Лоиқ андох­там, нигоҳам ба рӯяш афтод. Наме­донистам, ки чӣ мег­ӯям, дидагонам ашкбор, сухан ме­гуф­там. Бале, чи гуф­таму нагуфтам, беҳушона гуфтам, суханҳоям дар ёдам намонда.


Ҳолдонҳо қисса мекунанд, ки ин зани шаттоҳ боре аз рашк дар ҳузури меҳмониҳои олиқадр финҷони қаҳваи сӯзонро ба рӯйи президент пошидааст.

 


Назарам ба яке аз ҳамсабақонамон – ба Меҳмон Бахтӣ хурд. «Аз Лоиқ мондем, Кароматуллоҳ», гуфт ӯ. Ҷӯрабек Муродов бо дидагони хунполо сӯям омад, бо ҳам оғӯш ба оғӯш шудем. Занону духтарон аз назди тобути Лоиқ гузаш­та бо дидагони пурашк бо ӯ видоъ мегуфтанд. Миёни онҳо шояд ҷавонзанҳо, духтароне ҳам буданд, ки Лоиқ барояшон алоҳида ва бо ӯ сӯҳбатҳо, ҳамнишиниҳои маҳрамона ҳам доштанд. Он рӯз аз ҳама беш онҳо ғамдор, либосҳои сиёҳ дар бар, барояш месӯх­танд. Ҳамин гуна буданд он лаҳзаҳо. Шаб буд ба хаёлам он лаҳзаҳо, гӯё хоб будаму хоб медидам, ки Лоиқ фав­тида. На, таассуф, ки хоб набуд, қиёмат буд, рӯзи марги Лоиқ буд. Сӯхангӯиҳо, митинг барпо шуд. Ҳама чун наворе аз назарам гузаштанд. Тобути Лоиқро бардош­танд. Мошинҳо, одамон рӯ ба роҳ шуданд. Офтоб гарм­тар ва нурҳояш сӯзонтар гашта, хело паст фаромада, болои сарҳо омада. Нафасгардон мешудам, дилу ҷигарам бирён, месӯхтам, ташна монда будам. Об нӯшидан мехостам. Оби сард. Назарам ба саҳни масҷид, об меҷӯс­там – ҳо ана аз қубури зери чиноре об фавора мезад. Одат надоштам, ки оби сард нӯшам. Аммо ноилоҷ будам, лаб ба қубури об мондам. Ҳар қадаре, ки дил мехост об нӯшидам. Баъд гӯё ба худ омадам. Одамонро медидам. Саҳни тозаю озодаи масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуббой. Вақти намози пешин. Муаззин такбир мегуфт, намоз мегузош­танд. Тобути Лоиқ канори пешайвон гузошта шуда. Мо маҳтали анҷоми намоз, маҳтали адои намози ҷанозаи Лоиқ. Мардум аз намоз баромада, ба намози ҷанозаи Лоиқ саф меги­риф­танд. Банда ҳам дар саф ҷой ёфтам, ҷанозаи дӯстам, – ҷанозаи Лоиқ. Нияти ҷанозаи Лоиқ зикри забонам буду Лоиқи дигар – Лоиқи нав ба курсии донишҷӯӣ омада пеши назарам. Овози марғуладораш ба гӯшам меомад, «Кароматуллоҳ», мегуфт. На, он Лоиқ Лоиқи дигар буда. Лоиқи кӯҳансол пеши назарам, ана тобуташ дар пешгоҳ, ҷанозаи Лоиқ. Баъд мо он рӯз Лоиқро ба хок супурдем, мадфанаш дар баландиҳо, дар баландии мавзеи Лучоб, дар ин баландии Лучоб боз бисёр адибони баландмақом манзили абадӣ ёфтаанд. М.Тур­сунзода он ҷо, Лоиқ паҳлӯи Сотим Улуғзода, дар вақ­таш устод ба маҷмӯаи аввали шеърҳои ӯ сарсухан навиш­та. Имрӯз Улуғзода ва Лоиқ ҳамсояманзил, дар паҳлӯи ҳамдигар.

Лоиқ аз олам гузашт, дӯсти меҳрубону ба дил наз­дикамро ба хок супурдем. Имрӯз аз ӯ, аз рӯзҳои дар ин дунёи равшан буданаш нақш меҷӯям. Аз чи буд, ҳар гоҳе, дар куҷое бо Лоиқ вомехурдам, ҳамроҳаш ба ҷое мерафтам, гуфтаҳо ва ҳолатҳои бо ҳам шоҳид шудаамон­ро баъзан ба дафтари хотираам сабт мекардам. Имрӯз аз он дафтарҳо, аз он сатрҳо нақш меҷӯям, нақши рӯзҳои дар ин олами равшан будани Лоиқро. Чанд китобаш бароям бо соядаст монда, ӯ таъкид бар он дошт, ки мо бо ҳам дӯстони деринем, дӯстони солҳои донишҷӯӣ, айёми наврасӣ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД