arzon replenishment
Санта Барбара дар Истаравшан: Арӯсро дар рӯзи тӯй аз оғӯши домод рабуданд!
10.09.2019
Р. Азимӣ
9167

 

Дар Истаравшан ҳодисаи гӯшношуниде ба амал омадааст, ки филми пурмоҷарои Санта Барбара ё сериалҳои туркиро ба ёди кас меорад. Дар ин шаҳри бостонӣ дар рӯзи равшан, дар пеши чашми садҳо нафар меҳмонон арӯсро аз оғӯши домод рабудан мехостанд.

Дар ин бора дугонаи наздики арӯс-Наргис ба хабарнигорони сомонаи Оила-ТЧ хабар дод.

Наргис мегӯяд, рӯзи якшанбе дугонаам Нигинаро ба ҷавони зебо, ки як маҳалла аз худашон поёнтар зиндагӣ мекард, ба шавҳар доданд. Мурод ном ҷавони дигар чанд сол боз ошиқи зори Нигина буд, вале духтар ишқи ӯро ҳеҷ қабул кардан намехост. Аз ишқи ин ҷавон аксари истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ, хоса Инстаграм ва Ютуб огоҳ ҳастанд, чунки Муроди дар ишқи Нигина маҷнунгашта номи ӯро дар аъзои баданаш бо алмос холкӯбӣ намуда, акс мегирифт ва суратҳояшро дар интернет паҳн менамуд. Бо ин ҳама “қурбонӣ” духтар ишқи ӯро қабул накрад, чунки Мурод ду маротиба суд шуда, ҳамчун маҳбус номаш сиёҳ гашта буд.

Хулласи калом, хабари ба шавҳар баромадани Нигинаро шунида Муроди маҷнунгашта аз рашку алам девона мешавад. Вай аз Душанбе ба Истаравшан рафта, дар рӯзи тӯй, ҳангоми гусел кардани арӯс аз гиребони домод мегирад ва дар пеши чашми меҳмонони зиёд ӯро чунон лагадкӯб мекунад, ки даҳону биниаш пур аз хун мешавад. Шоҳмардон ва хешу ақрабои домод ба байн даромада, мехоҳанд онҳоро ҷудо кунанд, вале Мурод онҳоро низ лагадкӯб карда, мисли гурги бадхашм сайдашро раҳо кардан намехоҳад. Вай то дилаш хунук шудан домодро мурданивор зада, талаб мекунад, ки дар ҳамин ҷо, дар шоҳидии тамоми хешу табор ва меҳмонон талоқи арӯсро диҳад, аммо домод ҳам паст наомада, аз Нигина даст намекашад.


Бо мақсади қасос гирифтан аз маҳбубаи бераҳми писари ҷавонмаргаш ин зани аламзада мисли мурғи сӯхта ба чор тараф давида, дар ба дари ҷодугарҳо мегашт, то ки пеши бахти Сабринаро бандад... Арӯси бехосият...

 


Падару модари духтар маҷбур шуданд, ки ба милиса хабар диҳанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба дастони ин маҷнуни навбармада завлона зада, ӯро бо худ бурданд. Мурод ҳатто дар ин ҳолат аз ишқи худ даст накашида, таҳдид кардааст, ки агар домод ба Нигина наздик шавад, хонаашро оташ мезанад...

Аз рӯйи гуфти Наргис, Нигина пеш аз тӯй дар бораи ин ошиқи шилқин ба домодшаванда нақл карда, гуфта будааст, ки як ҷавони авбош мудом ӯро ғам медиҳад ва қасам хӯрдааст, ки тӯяшро вайрон мекунад, аз ҳамин сабаб домод баъди ин қадар шаттаву шаллоқ хӯрдан ҳам, арӯсашро талоқ надодааст.

Айни замон маҷнуни муштзӯр дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, домодро бошад бо бинии шикаста дар беморхона бистарӣ намуданд. Нигинаи арӯсак дар хонами хусуру хушдоманаш шабу рӯз мегиряд, вай аз он ҳарос дорад, ки Мурод аз маҳбас озод шуда боз ба сари ӯ ва шавҳараш набиёяд...

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Бахоуддин 2019-09-10, 11:46
Ин аз шариьат дур будан ро нишон медихад,
Посух
аз Истаравшан 2019-09-10, 21:35
ба фикри ман ин афсона. инхе дар рузи туй домода занаду хечки чудо кара натонад тамошо карда истанд то ки бинии домод шиканад то милиция омаданаша домода латукуб карда истод ми ? хеч бовар надораи ин маколахоба
Посух
Акмал 2019-09-11, 02:39
Наход туй мешаваду домод дӯсту рафиқ надошта бошад, ки пеши роҳи ин ҳодисаро гиранд?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Бахоуддин 2019-09-10, 11:46
Ин аз шариьат дур будан ро нишон медихад,
Посух
аз Истаравшан 2019-09-10, 21:35
ба фикри ман ин афсона. инхе дар рузи туй домода занаду хечки чудо кара натонад тамошо карда истанд то ки бинии домод шиканад то милиция омаданаша домода латукуб карда истод ми ? хеч бовар надораи ин маколахоба
Посух
Акмал 2019-09-11, 02:39
Наход туй мешаваду домод дӯсту рафиқ надошта бошад, ки пеши роҳи ин ҳодисаро гиранд?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД